Мизи мудаввар дар мавзӯи «Баланд бардоштани огоҳӣ ва иттилоъи оммаи васеъ оид ба механизми ҳимояи пасандозҳо»

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Баланд бардоштани огоҳӣ ва иттилоъи оммаи васеъ оид ба механизми ҳимояи пасандозҳо»

Санаи 19 майи соли равон дар меҳмонхонаи “Хилтон Душанбе” аз ҷониби Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (Хазина) мизи мудаввар дар мавзӯи «Баланд бардоштани огоҳӣ ва иттилоъи оммаи васеъ оид ба механизми ҳимояи пасандозҳо» баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ кормандони Хазина, намояндагони ташкилоҳои қарзии узви Хазина ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Мақсад аз ташкили мизи мудаввар – равона намудани таваҷҷуҳи бештар ба масъалаи иттилоотонии омма, таъмини шаффофият ва дастрасии маълумот ба мизоҷон оиди мавҷудияти кафолатҳои низом суғуртаи пасандоҳо ва ба ин васила таҳким бахшидани сатҳи саводнокӣ ва эътимоди аҳли ҷомеа ба низоми бонкӣ, арзёбӣ гардид.

Дар рафти мизи мудаввар аз ҷониби Хазина ба самъи иштирокчиён маълумоти муфассали зерин дар шакли рӯнамо пешкаш карда шуд:

– моҳият, нақш ва афзалиятҳои низоми суғуртаи амонату пасандозҳо;

– ваколат ва вазифаҳои Хазина;

– теъдоди ташкилотҳои қарзии узви Хазина;

– фарогирии суғуртавии пасандоздорон ва объектҳои ҳатмии суғурта;

– андозаи ҷубронпулии суғурта ва миқёси ҳимояи пасандоздорон;

– нишондиҳандаҳои молиявӣ ва ташаккули маблағҳои Хазина;

– тартиби пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорон.

Таъкид гардид, ки фаъолияти асосии Хазина ва низоми суғуртаи амонату пасандозҳо ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон, мусоидат ба суботи молиявии давлат ва таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии кишвар равона гардидааст.

Дар ин раванд, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маърифати молиявии аҳолӣ дар бораи кафолатҳои механизми ҳимояи пасандозҳо барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои қонунан муайяншуда, аҳамияти калидӣ дорад.

Аз ҷониби Хазина таъкид гардид, ки 5 ҷиҳати муҳим аст, ки мебояд ба аҳолии кишвар дар бораи суғуртакунии пасандозҳои онҳо фаҳмонида шавад.   

  1. Кӣ метавонад суғурта шавад?
  2. Чӣ метавонад суғурта шавад?
  3. Ҷубронпулии суғурта чӣ қадар аст?
  4. Ташкилотҳои қарзие, ки узви Хазина ҳастанд кадомҳоянд?
  5. Чӣ тавр дар ҳолати суғуртавӣ ҷубронпулиҳо пардохт мешаванд?

Дар ҷараёни чорабинӣ масъулини Хазина таваҷҷуҳи иштирокчиёни мизи мудаввар – ташкилотҳои қарзиро ба масъалаи тақвият додани раванди пешниҳоди маълумот аз ҷониби худи ташкилотҳои қарзӣ ба пасандоздорон, ҷалб намуд.

Қайд гардид, ки Тартиби Хазина оиди аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ-узви Хазина пешниҳод намудани маълумот ба пасандоздорон масъалаи мазкурро дар маҷмуъ ба танзим медарорад. Бо назардошти бевосита бо муштариён ва пасандоздорон дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ робита доштан, талаботи тартиби мазкур ташкилоҳои қарзиро ҷиҳати хабардор намудани муштариён оиди узвияти худ дар Хазина, оиди намудҳои амонату пасандозҳои суғурташаванда, андозаи ҷубронпулӣ ва дигар ҷабҳаҳои марбута, уҳдадор менамояд.

Дар ин замина, аз ҷониби тарафҳои манфиатдор масъалаи истифодаи васеи маводҳо ва варақаҳои оммафаҳми иттилоотӣ, воситаҳои муосир ва самараноки хабардоркунии ҷомеа, муоҳикама гардиданд. Хазина ба иштирокчиён маводҳои таблиғотиро (буклет, плакат, варақаҳо), ки ба таври оммафаҳм ва ҷолибнок таҳия гардидаанд, муаррифӣ намуд. Маводҳои нашршуда барои истифодаи минбаъдаи ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати иттилоотонии мизоҷон, ба сарбонкҳо ва филиалҳо пешкаш хоҳанд шуд. 

Дар фарҷоми мизи мудаввар иштирокчиён оид ба табодули бештари иттилоот байни Хазина, ташкилотҳои қарзӣ ва ВАО, мунтазам ва саривақт ба шаҳрвандон пешкаш намудани маълумот ва фаҳмондани муҳтавои фаъолияти механизми ҳимояи пасандозҳо, ба мувофиқа расиданд.

Нишондиҳандаҳои калидие, ки дар рафти чорабинӣ пешниҳод гардиданд:

  • Объекти ҳатмии суғурта ва пасандоздорони суғурташуда: Маблағи суратҳисобҳои бонкии амонату пасандози (дархостӣ, муҳлатнок, кортҳои пардохтӣ) шахсони зерин: Шахсони воқеӣ, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ: соҳибкорони хурд ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ.
  • Андозаи ҷубронпулӣ ва миқёси ҳимояи пасандоздорон: андозаи ҷубронпулӣ 35 000 сомониро ташкил дода, дар доираи он маблағи аксарият – 98 фоизи пасандоздорони суғурташудаи ташкилотҳои қарзӣ пурра рӯйпӯш шудааст.
  • Миқёси иштирокчиён: Дар низоми суғуртаи амонату пасандозҳо 42 ташкилоти қарзӣ (16 бонк ва 26 ташкилоти амонатии қарзии хурд) шомиланд. Ҳаҷми умумии пасандозҳо ва пасандоздорони суғурташуда мувофиқан 16,5 млрд сомонӣ ва 3,7 млн нафарро ташкил медиҳад.
  • Устувории молиявӣ ва сармояи захиравии суғурта: Устувории молиявии низом бо сармояи захиравии суғурта кафолат дода шудааст.