Санаи 23 апрели соли 2026 таҳти роҳбарии Раиси Шурои нозирони Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон муҳтарам Толибзода Фирдавс Назримад, ҷаласаи солонаи Шурои нозирони Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (минбаъд – Хазина) баргузор гардид, ки дар он ҳисоботи солонаи Хазина барои соли 2025 ва дигар масъалаҳои вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти Хазина дар соли молиявӣ мавриди натиҷагирӣ қарор дода шуд.
Дар ҷаласа инчунин аъзои Шурои нозирон Нормуродзода Ф. (намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон), Шарафов Ҷ.А. (Раиси Раёсати Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон), Салимова Л.Ҷ. (намояндаи узви Шуро – Раиси Раёсати Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон), Асоев М.Қ. (Раиси Хазина) ва дигар масъулин аз Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон ва Хазина иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур баромади Раиси Хазина оид ба муаррифии ҳисоботи солонаи Хазина дар соли молиявии 2025 шунида шуд.
Қайд гардид, ки Хазина фаъолияти худро дар соли ҳисоботӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” ва қарору супоришҳои Шурои нозирони Хазина бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии пасандоздорон, таъмини фаъолияти низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, мусоидат ба нигоҳдории суботи низоми молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии кишвар, амалӣ намуд.
Дар давоми соли 2025 дар шароити устувории вазъи низоми бонкии кишвар ва устувории нишондиҳандаҳои молиявии ташкилотҳои қарзӣ, низоми суғуртаи амонату пасандозҳо низ раванди рушди муътадил дошт. Ин пеш аз ҳама дар афзоиши шумораи ташкилотҳои қарзии узви Хазина, ҳаҷми амонату пасандозҳои суғурташуда, афзоиши назарраси дороиҳои Хазина ва аз ҳама муҳим ба вуқуъ наомадани ягон ҳолати суғуртавӣ дар ташкилотҳои қарзии узви Хазина, зоҳир гардид.
Ҳамзамон, доир ба нишондиҳандаҳои асосии низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, рушди он, натиҷаҳои ноилгардида ва нақшаҳои минбаъда маълумотҳои муфассал пешниҳод карда шуд. Аз ҷумла, аз рӯи ҷамъбасти соли 2025 дар Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ – узви Хазина 40 ташкилоти қарзӣ шомил буд, ки аз онҳо 16 адад бонк ва 24 адад ташкилотҳои амонатии қарзии хурд (ТАҚХ) мебошанд. Теъдоди ташкилотҳои қарзӣ – узви Хазина дар соли ҳисоботӣ ба 5 адад афзоиш ёфт.
Ба ҳолати 31 декабри соли 2025 ҳаҷми умумии пасандозҳои суғурташуда 16,5 млрд. сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба соли 2024-ум 37,3 фоиз зиёд гардид. Ҳиссаи афзалиятноки ҳаҷми пасандозҳои суғурташуда – 94,9% ё худ 15,6 млрд. сомонӣ ба амонату пасандозҳои шахсони воқеӣ (амонатҳои муҳлатнок ва пасандозӣ) рост омада, боқимонда амонатҳо – 5,1% ба дигар субъектҳои суғурташаванда рост меояд. Ҳамзамон, дар сохтори пасандозҳои суғурташуда ҳиссаи бештар 60,3 фоиз ба амонату пасандозҳо бо пули миллӣ рост омада, 39,7 фоиз бошад ба амонату пасандозҳо бо асъори хориҷӣ.
Шумораи пасандоздорони суғурташуда (шахсони воқеӣ, соҳибкорони инфиродӣ, субъектҳои соҳибкории хурд ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ) дар интиҳои с.2025 ба 3,7 млн. нафар расида, нисбат ба соли қаблӣ 48,6 фоиз афзуд. Ҳиссаи афзалиятноки шумораи пасандоздорон – 99,7% ё худ 3,69 млн. нафар ба шахсони воқеӣ ва боқимонда 0,3% ба дигар субъектҳои суғурташаванда рост меояд. Бояд қайд кард, ки амонату пасандозҳои 98,2 фоизи пасандоздорон ё худ 3,64 млн. нафар дар доираи андозаи ҷубронпулӣ, яъне то 35 ҳаз. сомонӣ пурра рӯйпӯш шудаанд. Нишондиҳандаи мазкур, аз он шаҳодат медиҳад, ки аз ҷониби Хазина қисми афзалиятноки пасандоздорони суғурташуда пурра ҳимоя гардидаанд. Ҳиссаи боқимондаи пасандоздорон, ки 1,8 фоизро ташкил медиҳад, маблағашон аз андозаи ҷубронпулӣ зиёд буда, онҳо қисман рӯйпӯш шудаанд.
Вобаста ба афзоиши ҳаҷми пасандозҳои суғурташуда ҳаҷми амонату пасандозҳои рӯйпӯшшуда, ки уҳдадориҳои потенсиалии Хазинаро инъикос мекунанд, нисбатан афзуданд. Ба санаи 31 декабри соли 2025 ҳаҷми амонату пасандозҳои дар дораи андозаи ҷубронпулӣ рӯйпӯшшуда маблағи 6,2 млрд. сомониро ташкил дод, ки он нисбат ба соли қаблӣ 29,5 фоиз зиёд мебошад.
Дар соли ҳисоботӣ дар шароити муътадилии вазъи низоми бонкӣ раванди устувори афзоиши маблағҳои Хазина идома ёфт. Тибқи ҳисоботи маҷмӯӣ оид ба вазъи молиявӣ ба ҳолати 31 декабри соли 2025 маблағҳои (дороиҳои) умумии Хазина 500 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 77,1 фоиз ё худ 217,5 млн. сомонӣ зиёд гардиданд. Маблағҳои Хазина дар ин давра асосан аз ҳисоби гранти сармоякунонии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ба маблағи 147,4 млн. сомонӣ, пардохтҳои ташкилотҳои қарзӣ 93,4 млн. сомонӣ ва фоидаи амалиётии бадастомада ба маблағи 15,2 млн. сомонӣ, афзуданд. Хазина дар соли 2025 бори аввал дар таърихи фаъолияти худ ба нишондиҳандаи баландтарин дороиҳо ва фоидаи амалиётӣ ноил гардид.
Андозаи ҳадди аксари маблағи Хазина бошад ба сатҳи 3,0 фоиз расид, ки он айни замон тибқи Қонун дар ҳаҷми 7,0 фоизи маблағи умумии пасандозҳои дар ташкилотҳои қарзӣ суғурташуда, муқаррар карда шудааст.
Қайд карда шуд, ки бо мақсади таъмини самаранокии фаъолияти минбаъдаи Хазина, танзими босамари низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, инчунин афзун намудани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкии кишвар, Хазина фаъолияти худро дар соли 2026 дар самти иҷрои босамари вазифаҳои вогузоршуда вусъат хоҳад дод.
Шурои нозирон ҳамзамон дигар масъалаҳои ба фаъолияти Хазина вобастабуда, аз ҷумла дар бораи тасдиқи буҷети солонаи Хазина барои соли молиявии навбатиро мавриди муҳокима қарор дода, нисбати онҳо қарорҳои дахлдорро қабул намуданд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа, аз ҷониби Раиси Шурои нозирон ва аъзои Шуро ба Хазина ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолияти минбаъда дар самти таъмини устувории молиявии Хазина, идоракунии босамари дороиҳо, ҷоннок намудани корҳои таблиғотӣ ва ташвиқоти ҷомеа оид ба низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти амалиётии Хазина ва дигар масъалаҳо дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуданд.