Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон тамоми мардуми шарифи кишварро ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамояд!
Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик буда, рамзи озодӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, давлатдории миллӣ ва ифтихори ватандорӣ мебошад. Маҳз ба шарофати истиқлол Тоҷикистони азизи мо дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ, рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳкими мавқеи худ дар арсаи байналмилалӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Ба муносибати ин санаи муқаддасу таърихӣ ба ҳар як сокини мамлакат саломатии бардавом, рӯзгори осуда, файзу баракат, саодати хонаводагӣ ва дар фаъолияти созанда комёбиҳои нав орзу менамоем.
Бигзор дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша сулҳу субот, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва фазои созандагӣ пойдор бошад. Орзумандем, ки Ватани маҳбубамон боз ҳам ободу пешрафта ва шукуфон гардад!
35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!
Маълумоти бештар: Дар бораи Хазина | FAQs
| Тамос