Ба ҶДММТАҚХ «Бабр Капитал» тасдиқномаи узвият дар Хазина дода шуд

Ба ҶДММТАҚХ «Бабр Капитал» тасдиқномаи узвият дар Хазина дода шуд

Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (минбаъд Хазина) иттилоъ медиҳад, ки тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди «Бабр Капитал» барои анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ иҷозатнома дода шуд.

Дар ин асос, мутобиқи моддаҳои 12 ва 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” ба ҶДММ ТАҚХ «Бабр Капитал» тасдиқнома дар бораи узвият ба Хазина таҳти №087 аз санаи 20 апрели соли 2026 дода шуда,     ҶДММ ТАҚХ «Бабр Капитал» мувофиқан дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи амонату пасандозҳо дохил карда шуд.


Барои маълумот:

Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо — ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон, ки аз ҷониби Хазина барои пардохти ҷубронпулии суғурта ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилоти қарзӣ равона шудааст.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасндозҳо” маблағи амонату пасандозҳои пасандоздорон дар ташкилотҳои қарзии узви Хазина аз ҷониби Хазина ба таври ҳатмӣ мавриди фарогирии суғуртавӣ қарор дода мешаванд.

Ҳангоми дар ташкилоти қарзӣ – узви Хазина ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ, пасандоздорон ҳуқуқи қонунии гирифтани ҷубронпулии суғуртаро аз рӯи амонату пасандозҳои худ дар ташкилоти қарзӣ дошта, Хазина кафолат медиҳад, ки маблағи суғурташудаи пасандоздоронро дар доираи андозаи муқарраркардаи Қонун, ҷуброн менамояд.


Барои тамос: