Ҳисоботи солонаи Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикстон интишор гардид

Ҳисоботи солонаи Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикстон интишор гардид

Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикстон (Хазина) иттилоъ медиҳад ки ҳисоботи солонаи Хазина барои соли молиявии 2025 дар сомонаи Хазина нашр гардид. Ҳисоботи солона мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” таҳия гардида, он таҳлили вазъи низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, фаъолияти Хазина дар самти иҷрои вазифаҳои вогузоршуда ва ҷамъбасти натиҷаҳои молиявии Хазинаро дар соли ҳисоботии сипаришуда дарбар мегирад.


Барои маълумот:

Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо — ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон, ки аз ҷониби Хазина барои пардохти ҷубронпулии суғурта ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилоти қарзӣ равона шудааст.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасндозҳо” маблағи амонату пасандозҳои пасандоздорон дар ташкилотҳои қарзии узви Хазина аз ҷониби Хазина ба таври ҳатмӣ мавриди фарогирии суғуртавӣ қарор дода мешаванд.

Ҳангоми дар ташкилоти қарзӣ – узви Хазина ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ, пасандоздорон ҳуқуқи қонунии гирифтани ҷубронпулии суғуртаро аз рӯи амонату пасандозҳои худ дар ташкилоти қарзӣ дошта, Хазина кафолат медиҳад, ки маблағи суғурташудаи пасандоздоронро дар доираи андозаи муқарраркардаи Қонун, ҷуброн менамояд.


Барои тамос: