Вохӯрии роҳбарияти Хазина бо ҳайати коршиносони гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ

Вохӯрии роҳбарияти Хазина бо ҳайати коршиносони гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ

28.09.2023

Санаи 28 сентябри соли 2023 роҳбарияти Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон ва санаи 29 сентябри соли 2023 дар бинои Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаи кӯмаки техникии Гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ оид ба ташкили механизмҳои низоми нигоҳдории суботи молиявӣ дар самти  батанзимдарории ташкилотҳои қарзӣ ва ҳимояи пасандоздорон бо намояндагони ҳайати коршиносони гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон мулоқот доир намуд.

Дар рафти вохӯриҳо ҷонибҳо оид ба вазъи ҷории низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, масъалаҳои мубрами раванди батанзимдарории ташкилотҳои қарзӣ аз нигоҳи самаранокӣ, корҳои дар ин самт анҷомдодашуда, баррасии заминаи ҳуқуқии раванди батанзимдарорӣ, муайян намудани норасоиҳои мавҷуда, таҳлил ва имкониятҳои ворид намудани тағйирот ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, гузаронидани чорабиниҳои омӯзишӣ ҷиҳати баланд бардоштани потенсиали кормандони Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон, инчунин масъалаҳои дигари мавриди назари тарафайнро табодули назар карданд.

Дар анҷоми мулоқот масъалаҳои зикргардида мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор дода шуда, ҷонибҳо барои густариш минбаъдаи ҳамкориҳои тарафайн изҳорӣ ҳавасмандии худро баён намуданд.