Ҳамкории байналмилалӣ тавассути бароҳмонӣ ва рушди муносибатҳои дуҷонибаи мутақобилан судманд  бо ташкилотҳои суғуртакунандаи пасандозҳои кишварҳои мухталифи ҷаҳон ва муносибатҳои бисёрҷониба дар доираи ташкилотҳои муътабари байналмилалии молиявӣ, инчунин ташкилотҳои муқарраркунандаи меъёру стандартҳои умумӣ барои низомҳои суғуртакунандаи пасандозҳо, ба монанди «Ассотсиатсияи байналмилалии суғуртакунандагони пасандозҳо (АБСП)», яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Хазина ба ҳисоб меравад.

Хазина дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ бо ташкилотҳои суғуртакунандаи пасандозҳои мамлакатҳои ҷаҳон, бахусус аъзои Кумитаи минтақавии Авруосиёи АБСП ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба расмият медарорад, дар доираи он раванди мубодилаи маълумот ва омӯзиши таҷрибаҳои пешқадамро ба роҳ мемонад, иштироки худро дар чорабиниҳои байналмилалии дахлдор таъмин мекунад. Инчунин, бо мақсади тақвияти низоми суғуртаи пасандозҳои дар Тоҷикистон ва баланд бардоштани потенсиали худ Хазина пайваста тасмим мегирад, ки ҳамкориҳои самаранок бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, аз он ҷумла Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Осиёгии Рушд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва дигарҳо тариқи ҷалби лоиҳаи кӯмаки техникӣ вусъат дода шаванд.

Хазина дар Кумитаи минтақавии Авруосиёи (КМА) Ассотсиатсияи байналмилалии суғуртакунии пасандозҳо (АБСП) ба сифати мушоҳид фаъолият менамояд.

Ассотсиатсияи  байналмилалии суғуртакунии пасандозҳо, (International Association of Deposit Insurers, IADI) соли 2002 бо мақсади баланд намудани самарнокии низоми суғуртакунии пасандозҳо дар тамоми ҷаҳон, тавассути таҳия ва амали намудани методологияи инъикосгари таҷрибаи пешқадами ҷаҳон ва рушди ҳамкорӣ дар доираи ҷомеаи байналмилалии мутахассисон ташкил карда шуд.

Ташкилотҳои – узви IADI якҷоя тадқиқотҳо гузаронида барои ташкилотҳои суғуртакунии навташкил  ва рушди низомҳои суғуртакунии амалкунанда методологияро таҳия менамоянд. Ғайр аз ин, IADI   барои мутахассисон ҳамчун пойгоҳ барои баҳсу омӯзиши таҷриба аз рӯи масъалаҳои актуалии соҳаи рушди низоми суғуртакунии пасандозҳо истифода карда мешавад.

IADI – ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда, дар назди Бонки ҳисоббаробаркунии байналмилалӣ фаъолият менамояд