Иди Қурбон муборак!

Ҳамватанони азиз!

Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ба ҳамаи Шумо фарорасии Иди мубораки Қурбонро табрик ва таҳният гуфта, ба Шумо пеш аз ҳама хушбахтиву некрӯзӣ, тансиҳатӣ, хонаободӣ, хотирҷамъӣ, сарбаландӣ ва файзу баракати рӯзғорро таманно менамояд. 

Бигузор Иди Қурбон ба ҳар хонадон шодмонӣ, ризоят, осудаҳолӣ ва сулҳу беҳбудӣ оварад.

Иди Қурбон муборак бошад!