Вохӯрӣ бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор

Вохӯрӣ бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор

18.05.2023

Санаи 17 майи соли 2023 дар Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (Хазина) дар доираи ташрифи ҳайати кории Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кормандони Хазина бо намояндагони ХБА баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ аз тарафи ҳайати ХБА Калин Тинчев ва Сергей Додзин (сариқтисодчиёни ХБА), Кади Синтиа Кейта ва Ҷоми Чиниев (иқтисодчиёни ХБА) ва аз тарафи Хазина Асоев М.Қ. (муовини раис) ва Дустов П.М. (иқтисодчии пешбар) иштирок намуданд.

Мақсади ташрифи ҳайати ХБА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гузаронидани машварат бо блоки иқтисодӣ ва сохторҳои дахлдори расмии кишвар ва баррасии имкониятҳои таҳия барномаи ХБА дар доираи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (Policy Coordination Instrument-PCI) бо назардошти андешидани чораҳои минбаъда ва ислоҳотҳои афзалиятнок баҳри таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар иборат мебошад.

Дар оғози вохӯрӣ муовини раиси Хазина ташрифи меҳмоноро хайрамақдам гуфта, ҳайати ХБА-ро бо вазъи ҷории низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, фаъолияти Хазина оид ба танзиму назорати низом ва нишондиҳандаҳои он, инчунин оиди ислоҳотҳои дар самти суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ амалигаштаистода, тағйиротҳои дар қонунгузорӣ пешбинишуда шинос намуд. Зикр гардид, ки дар доираи лоиҳаи кӯмаки техникии Бонки Ҷаҳонӣ ва барномаи Бонки Осиёгии Рушд оид ба таҳкими бахши молиявӣ ва идоракунии фискалӣ дар Тоҷикистон, лоиҳаи таҳияшудаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ”, ки васеъ гардидани вазифаҳои Хазинаро оид ба суғуртаи пасандозҳо пешбинӣ менамояд, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 15 марти соли ҷорӣ тасдиқ ва ба имзо расонида шуда, қонуни мазкур пас аз 3 моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода мешавад. Ҳамзамон, зимни мулоқот доир ба масъалаҳои ҳалталаби фаъолияти Хазина дар самти таъмини устувории молиявӣ ва сармоягузории маблағҳои Хазина, инчунин монеаҳои дар раванди барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ ҷойдошта гуфта гузашта шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо фикру андешаҳои худро оид ба тақвият бахшидани фаъолияти Хазина, густариш додани ҳамкориҳои судманд дар самти беҳтарнамоии низоми суғуртаи пасандозҳо, таҳкими иқтидори институтсионалии Хазина, баланд бардоштани сатҳи дониши тахассусии кормандон, ҳамчунин масъалаҳои дигари мавриди назари тарафайнро ибрози назар карданд.

Дар интиҳо муовини раиси Хазина ба ҳайати кории ХБА барои арзёбии низоми суғуртаи пасандозҳо ва тавсияҳои минбаъда изҳори миннатдорӣ намуда, омодагӣ ва ҳавасмандии  Хазинаро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои судманд бо ХБА баҳри такмили низоми суғуртаи амонату пасандозҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.