Мулоқот бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор

Мулоқот бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор

09.12.2022

 

Санаи 8 декабри соли 2022 дар Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) дар доираи ташрифи навбатии ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) вохӯрӣ бо коршиносони ХБА оид ба Тоҷикистон баргузор гардид. Дар рафти мулоқот аз тарафи ҳайати ХБА Калин Тинчев (сариқтисодчии ХБА), Василий Прокопенко (сариқтисодчии ХБА), Кади Синтиа Кейта (иқтисодчии ХБА) ва аз тарафи Хазина Ғафуров А.А. (Раиси Хазина), Асоев М.Қ. (муовини Раиси Хазина) иштирок намуданд.

Мақсади ташрифи ҳайати ХБА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гузаронидани машварат бо сохторҳои дахлдори иқтисодӣ ҷиҳати мониторинг ва арзёбии вазъи иқтисодию молиявии кишвар тибқи талаботи моддаи IV-и Созишномаи ХБА, инчунин муайян намудани чораҳои минбаъда бо дарназардошти ислоҳотҳои афзалиятнок баҳри таъмини рушди устувори иқтисодӣ иборат мебошад.

Дар оғози вохӯрӣ Раиси Хазина ташрифи меҳмоноро ба Хазина хайрамақдам гуфта, сараввал ҳайати ХБА-ро бо вазъи ҷории низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, фаъолияти Хазина оид ба танзиму назорати низом ва нишондиҳандаҳои он, инчунин дигар масъалаҳои мубрами фаъолияти Хазина шинос намуд. Ҷониби ҳайати ХБА аз муносибатҳои бо Хазина ба роҳ мондашуда ва ислоҳоти дар самти суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ амалигаштаистода изҳори қаноатмандӣ карда, дар навбати худ аз ҷараёни пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони бонкҳои барҳамдодашудаи ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, тағйиротҳои дар қонунгузорӣ пешбинишаванда ва мушкилиҳои ҷойдошта пурсон шуд.

Раиси Хазина қайд намуд, ки Хазина фаъолияти худро тибқи қонунгузорӣ бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии пасандоздорон ва таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ ба роҳ монда, раванди пардохти ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорони ташкилотҳои қарзии барҳамдодашуда саривақт ва самаранок анҷом дод. Аз ҷумла, аз ҷониби Хазина зиёда аз 90 фоизи маблағи умумии ҷубронпулӣ, ки ба пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” пешбинӣ шуда буд, пардохт карда шуд. Зикр гардид, ки дар доираи лоиҳаи кӯмаки техникии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба “Такмили низоми суғуртаи пасандозҳо дар Тоҷикистон” ва барномаи Бонки Осиёгии Рушд оид ба таҳкими бахши молиявӣ ва идоракунии фискалӣ дар Тоҷикистон, лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ”, ки васеъ гардидани вазифаҳои Хазинаро оид ба суғуртаи пасандозҳо пешбинӣ менамояд, таҳия шуда ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон, доир ба масъалаҳои ҳалталаби фаъолияти Хазина дар самти таъмини устувории молиявӣ, сармоягузории маблағҳо ва монеаҳои дар раванди барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ ҷойдошта гуфта гузашта шуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо фикру андешаҳои худро оид ба тақвият бахшидани фаъолияти Хазина, густариш додани ҳамкориҳои судманд дар самти беҳтарнамоии низоми суғуртаи пасандозҳо, таҳкими иқтидори институтсионалии Хазина, баланд бардоштани сатҳи дониши тахассусии кормандон, ҳамчунин масъалаҳои дигари мавриди назари тарафайнро ибрози назар карданд.

Дар интиҳо Раиси Хазина ба ҳайати кории ХБА барои арзёбии низоми суғуртаи пасандозҳо ва тавсияҳои минбаъда изҳори миннатдорӣ намуда, омодагӣ ва ҳавасмандии  Хазинаро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои судманд бо ХБА баҳри такмили низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ иброз намуд.