Вохӯрӣ бо ҳайати Бонки Осиёии Рушд
Аз санаи 15 то 19 апрели соли 2024 дар доираи ташрифи ҳайати кории Бонки Осиёии Рушд (БОР) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи кӯмаки техникии таҳкими суботи молиявӣ ва устувории низоми бонкӣ ва ғайрибонкӣ дар Тоҷикистон, вохӯрии кормандони Хазина бо масъулини Бонки Осиёии Рушд баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ аз тарафи ҳайати Бонки Осиёии Рушд ҷаноби Сунг Су Ким (мутахассиси калони бахши молиявӣ) ва хонум Ҳана Ким (коршиноси Корпоратсияи суғуртаи пасандозҳои Корея) ва аз тарафи Хазина Асоев М.Қ. (Раиси Хазина) ва дигар кормандони Хазина иштирок намуданд.
Мақсади ташрифи ҳайати БОР ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гузаронидани вохӯриҳо бо намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзӣ ва сохторҳои дигар ҷиҳати омӯзиши вазъи низоми суғуртаи амонату пасандозҳо бо назардошти андешидани чораҳои минбаъда ва ислоҳотҳои афзалиятнок баҳри таъмини рушди устувори низоми молиявӣ иборат мебошад.
Дар рафти вохӯриҳо ҷонибҳо оид ба вазъи ҷории низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, масъалаҳои мубрами иҷрои компонентҳои лоиҳа, баррасии корҳо ва заминаҳои ҳуқуқии он, муайян намудани норасоиҳои дар самти мазкур мавҷуда, инчунин оид ба раванди сармоягузории маблағи Хазина ва масъалаҳои дигари мавриди назари тарафайнро табодули назар карданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби ҳайати коршиносони Бонки Осиёии Рушд дар доираи ташрифи мазкур семинар – машварати корӣ бо иштироки намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзӣ ва Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон оид ба таҷрибаҳои мамлакатҳои Аврупо ва Ҷумҳурии Корея дар самти суғуртаи амонату пасандозҳо ташкил ва гузаронида шуд.