Тартиби пардохти ҷубронпулии суғурта

Пас аз ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ Хазина оиди ҷой, вақт, тартиби қабули дархостҳо ва бонк-агенти Хазина барои пардохти ҷубронпулии суғурта дар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла дар сомонаи расмӣ ва саҳифаҳои Хазина дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон интишор менамояд. Эълон инчунин дар даромадгоҳи бинои бонк-агент ва ташкилоти қарзии барҳамдодашуда ҷойгир карда мешавад.

Андозаи ҷубронпулӣ аз рӯи амонату пасандозҳои суғурташуда, ки қонунгузории амалкунанда муайян кардааст, на бештар аз 35 000 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун, агар як пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ ду ва ё зиёда суратҳисоби пасандозӣ дошта бошад, ин суратҳисобҳо ҳамчун як суратҳисоб дониста шуда, ҷубронпулии суғурта аз рӯи онҳо дар ҳаҷми на зиёда аз андозаи муқаррарнамудаи қонун пардохт карда мешавад. Маблағи боқимондаи пасандозҳо дар раванди барҳамдиҳӣ аз ҷониби мудири махсус (барҳамдиҳанда)-и ташкилоти қарзӣ тибқи тартиби дар қонунгузорӣ муқарраршуда пардохта мешавад.

Пардохтҳои ҷубронпулии суғурта аз рӯи амонату пасандозҳо на дертар аз 14 рӯзи тақвимӣ пас аз ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ оғоз мегардад. Пардохти ҷубронпулии суғурта тавассути бонк-агент дар асоси аризаи пасандоздор, дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ бо роҳи гузаронидани маблағ ба суратҳисоби нишондодаи пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ анҷом дода мешавад. Ҷубронпулии суғурта бо пули миллӣ – сомонӣ пардохт карда мешавад. Амонату пасандозҳое, ки бо асъори хориҷӣ гузошта шудаанд, бо пули миллӣ аз рӯи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ муқарраршуда, ҷуброн карда мешаванд.

Тартиби гирифтани ҷубронпулии суғурта ҳаддалимкон содда аст. Барои гирифтани ҷубронпулӣ пасандоздор (аризадиҳанда) ё намояндаи вай бояд ба бонк-агент муроҷиат кунад ва ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

  • Ариза оид ба пардохти ҷубронпулии суғурта дар шакли муқарраршуда. Нусхаи аризаро дар бонк-агент дастрас ва пур кардан мумкин аст (одатан бонк-агент шакли электронии аризаи пуркардашударо ба пасандоздор барои имзо пешниҳод менамояд);
  • Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти пасандоздор;
  • Рақами мушаххаси андозсупоранда;
  • Шартномаи пасандози бонкӣ;
  • Ваколатнома, агар аз номи пасандоздор намояндаи қонунӣ муроҷиат намояд.

Дар сурати тағйир додани насаб, ном ё номи падар, аризадиҳанда бояд ба бонк-агент шаҳодатномаи тағйири насаб, ном ё номи падар ё шаҳодатномаи ақди никоҳи, ки аз ҷониби идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дода шудааст, пешниҳод кунад.

Пасандоздороне, ки имконияти шахсан ба бонк-агент омаданро надоранд, метавонанд ба намояндаи худ супориш диҳанд, ки аз номи онҳо дар асоси ваколатномаи аз ҷониби идораи нотариалӣ додашуда, ариза пешниҳод намоянд. Дар бонк-агент намояндаи пасандоздор бояд бо худ ваколатнома ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро дошта бошад.

Ҳангоми муроҷиати пасандоздор ва бо шарти пешниҳоди ҳамаи ҳуҷҷатҳо аз ҷониби ӯ ва мавҷудияти маълумот дар бораи ӯ дар феҳристи пасандоздорон барои пардохти ҷубронпулии суғурта, инчунин мавҷуд набудани ҳолатҳои баҳснок, бонк-агент одатан дар рӯзи дархост маблағи ҷубронпулиро тариқи накдӣ ё ғайринакдӣ ба суратҳисоби нишондодаи пасандоздор мегузаронад (бо назардошти гузаронидани ҳамаи расмиёт ва санҷишҳо).

Агар ҳуҷҷатҳои ба бонк-агент пешниҳодшудаи пасандоздор нопурра бошанд ва ё дар онҳо маълумоти зарурӣ барои муайян кардани мушаххасоти пасандоздор ҷой надошта бошад, бонк-агент аз пасандоздор ҳуҷҷатҳои иловагии тасдиқкунандаи талабҳои пасандоздорро барои пардохти ҷубронпулии суғурта дархост менамояд.

Дар даробари ин, ҳангоми муроҷиати пасандоздор ба бонк-агент агар маълумоти пасандоздор дар феҳристи (рӯйхати) пасандоздорон барои пардохти ҷубронпулии суғурта мавҷуд набошад, пасандоздор бояд барои мушаххас намудани сабаби дарҷ нашудани маълумоти вай дар феҳрист, ба ташкилоти қарзии барҳамдодашуда ё ба Хазина бо ариза муроҷиат намояд.

Қабули ариза ва пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорон аз ҷониби Хазина тавассути бонк-агент дар давоми як сол аз санаи фарорасии ҳолати суғуртавӣ, амалӣ карда мешавад. Аз ин рӯ, барои гирифтани ҷубронпулии суғурта пасандоздорон метавонанд шитоб накунанд ва дар давоми як сол дар дилхоҳ вақти муносиб ба бонк-агент муроҷиат намоянд.


Намунаи аризаҳо:


 
Намунаи ариза ба Бонк-агент оид ба пардохти ҷубронпулии суғурта

 
Намунаи ариза ба Хазина оид ба масъалаи пардохти ҷубронпулии суғурта