Ҷавоб ба саволҳои бештар пешниҳодшаванда (FAQs)


Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо – ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон, ки аз ҷониби Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон барои пардохти ҷубронпулии суғурта ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилоти қарзӣ равона шудааст, мебошад.
Мақсади низоми суғуртаи амонату пасандозҳо ин таъмини низоми суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ мебошад.
Масъалаҳои суғуртаи амонату пасандозҳои пасандоздорон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо» танзим карда мешавад.

Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон аз хавфи муфлисшавии ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртаи маблағҳои пасандоздорон аз соли 2004 Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (минбаъд – Хазина) фаъолият менамояд. Хазина шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ буда, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии пасандоздоронро бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта ҳимоя менамояд. Хазина ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ ё худ барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ ба пасандоздорони суғурташуда ҷубронпулии суғуртаро пардохт менамояд.

Ҷубронпулии суғурта – маблағе, ки пасандоздор ба гирифтани он мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” ҳангоми фаро расидани ҳолати суғуртавӣ ҳуқуқ дорад.

Ҳолати суғуртавӣ – барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ тибқи қарори суд бе асосҳои муфлисшавӣ ё бо асосҳои муфлисшавӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» мебошад, ки сабаби ба вуҷуд омадани уҳдадории Хазина оид ба ҷуброни пули суғурта ба пасандоздорони ташкилоти қарзии муфлисшуда мегардад.

Ташкилотҳои қарзӣ, ки шаҳодатномаи узвият дар Хазинаро гирифтаанд, узви низоми суғуртаи амонату пасандозҳо мебошанд. Феҳристи ташкилотҳои қарзии – узви низоми суғуртаи амонату пасандозҳо дар сомонаи Хазина дар суроғаи зерин нашр шудааст.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо» амонату пасандозҳои Шумо дар ташкилоти қарзии узви низоми суғуртаи амонату пасандозҳо ба таври автоматӣ суғурта карда мешаванд. Суғуртаи амонату пасандозҳо куллан ройгон буда, аз пасандоздорон ягон пардохти иловагиро талаб намекунад.

Андозаи ҷубронпулӣ аз рӯйи амонату пасандозҳои суғурташуда на бештар аз 35 000 (сию панҷ ҳазор) сомонӣ мебошад. Ҳамзамон, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо» андозаи ҷубронпулии суғурта чунин муқаррар карда мешавад:

Андозаи ҷубронпулӣ аз рӯйи амонату пасандозҳои суғурташуда на бештар аз 35 000 (сию панҷ ҳазор) сомонӣ мебошад. Ҳамзамон, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо» андозаи ҷубронпулии суғурта чунин муқаррар карда мешавад:

– агар пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ якчанд суратҳисоби амонату пасандозӣ дошта бошад, он гоҳ ин суратҳисобҳо ҳамчун як суратҳисоби пасандозӣ дониста шуда, ҷубронпулӣ дар асоси андозаи умумии маблағи дар суратҳисобҳои амонату пасандозӣ мавҷудбуда ва на зиёда аз 35 000 сомонӣ пардохт карда мешавад;

– агар ҳолати суғуртавӣ дар якчанд ташкилоти қарзӣ фаро расад, ки дар онҳо пасандоздор суратҳисобҳои амонату пасандозӣ дорад, он гоҳ андозаи ҷубронпулии суғурта барои ҳар як ташкилоти қарзӣ алоҳида ҳисоб карда мешавад.

Агар маблағи амонату пасандозҳо аз андозаи ҷубронпулӣ зиёдтар бошад, он гоҳ Хазина ба Шумо ба маблағи 35 000 сомонӣ ҷубронпулии суғуртаро пардохт менамояд. Қисми боқимондаи маблағи амонату пасандозҳои Шумо аз ҷониби мудири махсус (барҳамдиҳанда)-и ташкилоти қарзии муфлисшуда тибқи тартиби дар қонунгузорӣ муқарраршуда пардохт карда мешавад.

Амонату пасандозҳои дар суратҳисобҳои бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ гузоштаи пасандоздорон – шахсони воқеӣ, соҳибкорони инфиродӣ, шахсони ҳуқуқии субъекти соҳибкории хурд ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, ки дар суратҳисобҳои дархостшаванда, пасандозӣ, муҳлатнок ё дар кортҳои бонкии ташкилоти қарзӣ ҷойгиранд, аз ҷониби Хазина суғурта карда мешаванд.

Бале, ҳангоми ба амал омадани ҳолати суғуртавӣ аз рӯи суратҳисобҳои кортҳои пардохтӣ, ҳамчун объекти ҳатмии суғуртакунӣ ҷубронпулии суғурта пардохт карда мешавад.

Фоизҳои амонату пасандозҳо аз ҷониби Хазина ҷуброн карда намешаванд. Агар тибқи шартномаи суратҳисобҳои амонату пасандозӣ сармоякунонии фоизҳо пешбинӣ шуда бошад, он гоҳ ҷубронпулӣ аз рӯйи маблағи бақияи суратҳисобҳои амонату пасандозӣ пардохт карда мешавад.

Амонату пасандозҳое, ки бо пули миллӣ гузошта шудаанд, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд. Амонату пасандозҳое, ки бо асъори хориҷӣ гузошта шудаанд, аз рӯи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар рӯзи ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ муқаррар карда шудааст, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд.

Бонк агент – ташкилоти қарзие, ки тавассути он Хазина ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорон мувофиқи талаботи қонунгузорӣ пардохт мекунад.

Пас аз ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ Хазина оиди бонк-агент, ҷой, вақт ва тартиби қабули дархостҳо барои пардохти ҷубронпулиро дар воситаҳои ахбори омма эълон интишор менамояд. Эълон инчунин дар даромадгоҳи бинои бонк-агент ва ташкилоти қарзии барҳамдодашуда, инчунин дар сомонаи расмии Хазина www.idif.tj ҷойгир карда мешавад.

Баъд аз оне, ки Хазина маълумотро оиди оғози пардохти ҷубронпулӣ эълон кард, пасандоздор ё ин ки намояндаи ваколатдори ӯ бояд бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба бонк-агенти хизматрасони Хазина муроҷиат намуда, дар он ҷо аризаи хаттии шаклаш аз ҷониби Хазина муқарраршударо пур намояд. Ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳо аз тарафи Хазина ё бонки хизматрасони вай дар асоси аризаи пасандоздор дар шакли нақдӣ ва ё ғайринақдӣ тавассути гузарондани маблағ ба ҳисоби нишондодаи пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ пардохт карда шавад.

Бояд дар хотир дошт, ки барои гирифтани ҷубронпулии суғурта пасандоздор метавонад дар давоми як сол дар дилхоҳ вақте, ки ба ӯ муносиб аст ба бонк-агент муроҷиат намоянд. Агар имконият бошад дар рӯзҳои аввал барои гирифтани ҷубронпулии суғурта шитоб кардан лозим нест – зеро дар бонк-агент метавонад навбати зиёд бошад.

Раванди пардохти ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳои суғурташуда баъд аз 14 рӯз аз санаи фаро расидани ҳолати суғуртавӣ, агар санаи дигаре аз ҷониби Хазина муайян карда нашуда бошад, оғоз мегардад. Ҳамзамон, пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздор аз тарафи бонк-агенти Хазина дар муҳлати на дертар аз 3 (се) рӯзи корӣ аз рӯзи аз ҷониби пасандоздор пешниҳод гардидани ариза ва ҳуҷҷатҳои зарурие, ки ҳуқуқи пасандоздорро барои ба ӯ пардохт кардани ҷубронпулии суғурта тасдиқ мекунад, амалӣ карда мешавад

Дар сурати барҳамхӯрӣ ва рух додани ҳолати суғуртавӣ дар якчанд ташкилоти қарзӣ, ки пасандоздор дар онҳо суратҳисобҳои пасандозӣ дорад, он гоҳ маблағи ҷубронпулӣ ба пасандоздор нисбат ба ҳар як ташкилоти қарзӣ алоҳида ҳисоб карда шуда, ба андозае, ки дар қонунгузорӣ муайян шудааст, пардохт карда мешавад.  

Ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ ҷубронпулӣ аз рӯи амонату пасандозҳои зерин пардохт карда намешавад:
– амонату пасандозҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадаанд ё пасандозҳое, ки аз ҷониби суд ҳабс карда шудаанд;
– амонату пасандозҳое, ки аз рӯи хулосаи Бонки миллии Тоҷикистон вазъи молиявии ташкилоти қарзиро бад кардаанд;
– амонату пасандозҳои шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзӣ, ки тибқи қонун муайян шудаанд, инчунин шахсоне, ки дар давоми соли охир то барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ чунин вобаста ҳисобида мешуданд;
– амонату пасандозҳои шарикони ширкати аудиторӣ, ки ба сифати аудиторҳои ташкилоти қарзӣ дар соли тақвимӣ пештар аз таърихи фаро расидани ҳолати суғуртавӣ ҷалб шуда буданд;
– амонату пасандозҳои шахсоне, ки беш аз панҷ фоизи саҳмияҳои ташкилоти қарзиро бо гирифтани манфиат дар ихтиёр доранд;
– амонату пасандозҳое, ки дар филиалҳои хориҷии ташкилоти қарзӣ ҷойгир карда шудаанд;
– амонату пасандозҳои баробар ба ҳар гуна маблағи қарзи пардохтнашудаи пасандоздор дар назди ташкилоти қарзӣ;
– амонату пасандозҳо ба маблағи камтар аз 10 сомонӣ.

Маблағи ҷубронпулии суғурта аз рӯи пасандозҳо метавонад ба шахси дигар дар асоси ваколатноме, ки мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудааст, дода шавад. Дар ин ҳолат, намояндаи пасандоздор барои гирифтани ҷубронпулӣ бояд ба бонк-агент бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома ё ҳуҷҷати дигар), аризаи хаттии шаклаш аз ҷониби Хазина муқарраршуда, инчунин пешниҳоди ваколатнома, ки мутобиқи қонунгузории амалкунанда ба расмият дароварда шудааст, муроҷиат намояд.

Пардохти ҷубронпулии суғурта аз рӯи пасандозе, ки ба кӯдаки ноболиғ таалуқ дорад метавонад ба шахси дигар (волидайн, парастор ё шахси дигар) дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор, ки мутобиқи қонунгузории амалкунанда ба расмият дароварда шудааст, пардохт карда шавад.

Пас аз даргузашти пасандоздор ворисони пасандоздор дар ҳолати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, ки мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудааст, ҳуқуқи гирифтани ҷубронпулии суғуртаро бо ҳиссаҳои муайян, ки ҳаҷми умумии онҳо на бештар аз андозаи ҷубронпулӣ шуда метавонад, доранд.

Амонату пасандозҳое, ки дар суратҳисоби муштараки ташкилоти қарзӣ нигоҳ дошта мешаванд, ҳамчун як амонату пасандоз дониста мешаванд ва ҷубронпулии суғурта ба соҳибони суратҳисоби амонату пасандоз бо ҳиссаҳои баробар ё ҳиссаҳое, ки байни онҳо мувофиқа шудааст, пардохт карда мешавад. Агар соҳиби суратҳисоби муштараки амонату пасандоз дар ташкилоти қарзӣ ҳисоби дигари пасандозӣ дошта бошад, он гоҳ маблағи ҳиссаи пасандоздори амонату пасандози муштарак бо маблағи дигари ҳисоби пасандоз якҷоя карда, ҳамчун як амонату пасандоз дониста мешавад.

Пасандоздор ё намояндаи ӯ ҳуқуқ дорад барои гирифтани ҷубронпулии суғурта дар давоми як соли ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Хазина ба бонк-агент ва ё ба Хазина муроҷиат кунад.

Тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” пасандоздор ё намояндаи ӯ бо ариза, ки шаклашро Хазина муқаррар мекунад, барои тамдиди мӯҳлати гирифтани ҷубронпулии суғурта ба Хазина муроҷиат мекунад.

Мутобиқи аризаи пасандоздор Хазина метавонад мӯҳлати муроҷиати пасандоздорро барои гирифтани ҷубронпулии суғурта дар ҳолатҳои зерин тамдид намояд:

– агар пасандоздор мубталои бемории ҷисмонӣ ё рӯҳӣ гашта, қобилияти сари вақт муроҷиат карданро барои гирифтани ҷубронпулии суғурта надошта бошад;

– дар ҳолатҳои фавқулода, инчунин ҳангоми дар хориҷи кишвар, дар хизмати ҳарбӣ, дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ будани пасандоздор, ҳамчунин бо сабабҳои бо ба даст овардан ё кушодани мерос алоқаманд, ки пасандоздор барои сари вақт муроҷиат кардан ҷиҳати гирифтани ҷубронпулии суғурта имкон надошта бошад.

Агар Хазина мӯҳлатро тамдид карда бошад, он гоҳ ҷубронпулии суғурта ба пасандоздор дар давоми панҷ рӯзи баъди гирифтани дархости ҷубронпулӣ пардохт мегардад. Дар дигар ҳолатҳои бо Қонун пешбинӣ нашуда, маблағи пасандоздорон аз ҷониби мудири махсус (барҳамдиҳанда)-и ташкилоти қарзии муфлисшуда аз ҳисоби фурӯши дороиҳои ташкилоти қарзӣ тибқи тартиби муқарраршуда ба пасандоздорон пардохт карда мешаванд.

Барои гирифтани ҷубронпулӣ пасандоздор ё намояндаи ӯ бояд ба бонк-агент ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома ё ҳуҷҷати дигар) ва аризаи хаттии шаклаш аз ҷониби Хазина муқарраршударо пешниҳод намояд.

Пасандоздорон метавонанд ба ташкилоти қарзие, ки мехоҳанд дар он амонату пасандоз гузоранд муроҷиат намоянд ё ин ки ба рақами телефони Хазинаи суғуртаи амонат пасандозҳои Тоҷикистон (+992) 44 600-66-00, 44 600-32-45 занг зананд ё аз сомонаи Хазина истифода баранд.