Оиди раванди пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва ҶСК “Агроинвестбонк”

25.06.2021

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки айни замон аз ҷониби Хазина ҷиҳати таъмини раванди пардохти саривақта ва пурраи ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони бонкҳои барҳамдодашудаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва ҶСК “Агроинвестбонк” бо истифода аз тамоми имконияту захираҳои зарурӣ, маҷмӯи чорабиниҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла: 

– Ба сифтаи бонк-агент барои пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони ҶСК ” Тоҷиксодиротбонк” ва ҶСК “Агроинвестбонк” мувофиқан ҶСК “Ориёнбонк” ва БДА ҶТ “Амонатбонк” бо назардошти пардохтпазирӣ ва дастрасии шабакаҳои васеи воҳидҳои сохторӣ, ки он имкон медиҳад ба пасандозорон дар тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат расонида шавад, интихоб ва тасдиқ карда шуданд.
– Дар ҳамбастагӣ бо мудирони махсуси дар бонкҳои барҳамхурда таъиншуда, феҳристи (рӯйхати) пасандоздорон барои пардохти ҷубронпулии суғурта омода ва санҷида мешаванд.
– Бонк-агентҳо маълумоти феҳристи пасандоздоронро ба Низомҳои автоматикунонидашудаи бонкии худ ворид намуда, воҳидҳои сохтории (филиалҳои) хизматрасони худро барои пардохти ҷубронпулии суғурта омода карда истодаанд.

Ба ҳамин васила, тамоми корҳои омодагӣ барои пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони бонки ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ба анҷом расонида шуда, санаи 23 июни соли 2021 пардохти ҷубронпулӣ тавассути бонк-агент ҶСК “Ориёнбонк” ва филиалҳои он расман оғоз гардид. Хазина оиди санаи оғози пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорони ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” эълонҳои дахлдорро дар васоити ахбори омма интишор намуда, руйхати филиалҳои бонк-агент ҶСК “Ориёнбонк”-ро дар сомонаи Хазина www.idif.tj нашр намуд.  

Ҳамзамон, бо назардошти зиёд будани шумораи пасандоздорони бонки ҶСК “Агроинвестбонк” (зиёда аз 27,0 ҳазор нафар), Хазина санҷиши ҳамаҷонибаи феҳристи омодашудаи пасандоздоронро ба анҷом расонида истода, барои гузаронидани корҳои омодагию техникӣ бо бонк-агент чораҳои зарурӣ андешида истодааст. Бинобар ин, Хазина аз ҳамаи пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк” эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки босабр бошанд – санаи оғози пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк” дар рӯзҳои наздик муайян ва эълон карда мешавад.

Барои пардохти ҷубронпулии суғурта ба ҳамаи пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” маблағи 215,0 млн. сомонӣ зарур аст, ки он 67 фоизи маблағи умумии захираи Хазинаро барои пардохти ҷубронпулии суғурта ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, ба пасандоздорони бонкҳои барҳам додашуда хотиррасон менамоем, ки дар Хазина маблағҳо кофӣ буда, ба бонк-агентҳо барои пардохти ҷубронпулии суғурта саривақт интиқол дода мешаванд.

Дар даробари ин иттилоъ медиҳем, ки ҳангоми муроҷиати пасандоздор ва бо шарти пешниҳоди ҳамаи ҳуҷҷатҳо аз ҷониби ӯ ва мавҷудияти маълумот дар бораи ӯ дар феҳристи пасандоздорон барои пардохти ҷубронпулии суғурта, инчунин мавҷуд набудани ҳолатҳои баҳснок, бонк-агент дар рӯзи дархост маблағи ҷубронпулиро тарики накдӣ ё ғайринакдӣ ба суратҳисоби нишондодаи пасандоздор мегузаронад (бо назардошти гузаронидани ҳамаи расмиёт ва санҷишҳо).

Агар ҳуҷҷатҳои ба бонк-агент пешниҳодшудаи пасандоздор нопурра бошанд ва ё дар онҳо маълумоти зарурӣ барои муайян кардани мушаххасоти пасандоздор ҷой надошта бошад, бонк-агент аз пасандоздор ҳуҷҷатҳои иловагии тасдиқкунандаи талабҳои пасандоздорро барои пардохти ҷубронпулии суғурта дархост менамояд.

Ҳамзамон, ҳангоми муроҷиати пасандоздор ба бонк-агент агар маълумоти пасандоздор дар феҳристи (рӯйхати) пасандоздорон барои пардохти ҷубронпулии суғурта мавҷуд набошад, пасандоздорро мебояд ба ташкилоти қарзии барҳамдодашуда ҷиҳати мушаххас намудани сабаби дарҷ нашудани маълумоти вай дар феҳрист муроҷиат намояд.

Маълумоти иловагӣ оид ба пардохти ҷубронпулии суғуртаро метавонед тавассути телефони (+992) 44 600 32 45 ё дар сомонаи Хазина www.idif.tj дастрас намоед.