Оид ба тағйирёбии андозаи ҷубронпулии суғурта

Оид ба тағйирёбии андозаи ҷубронпулии суғурта

19.06.2023

Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (минбаъд Хазина) иттилоъ медиҳад, ки имрӯз санаи 19 июни соли 2023 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» мавриди амал қарор гирифт.

Дар асоси тағйиру иловаҳои ба қонунгузорӣ воридгардида, андозаи ҷубронпулӣ аз рӯи амонату пасандозҳои суғурташуда зиёд карда шуд. Аз ҷумла, мутобиқи моддаи 22-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо» андозаи ҷубронпулӣ аз рӯи амонату пасандозҳои суғурташуда (бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ) дар ҳаҷми на бештар аз 35 000 (сию панҷ ҳазор) сомонӣ муқаррар карда шуд.

Бояд қайд кард, ки то мавриди амал қарор гирифтани қонуни болозикр андозаи ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳо бо пули миллӣ на бештар аз 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ё худ 34 000 сомонӣ) ва аз рӯи пасандозҳо бо асъори хориҷӣ на бештар аз 350 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ё худ 23 800 сомонӣ)-ро ташкил медод.

Барои маълумот: Шарҳи бештари тағйироти Қонун