Оид ба тағйирёбии андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ иттилоъ медиҳад, ки мутобиқи моддаи 23-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022” аз 01 январи соли 2022 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзиши ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, дар ҳаҷми 64 сомонӣ муқаррар карда шуд.

Бояд қайд кард, ки мутобиқи моддаи 22-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” андозаи ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳо бо пули миллӣ на бештар аз 500 (панҷсад) ва аз рӯи пасандозҳо бо асъори хориҷӣ на бештар аз 350 (сесаду панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад.

Ҳамин тавр, аз санаи 01 январи соли 2022 андозаи ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳо бо пули миллӣ на бештар аз 32 000 (сиву ду ҳазор) сомонӣ ва аз рӯи пасандозҳо бо асъори хориҷӣ на бештар аз 22 400 (бисту ду ҳазору чорсад) сомониро ташкил медиҳад.