Наврӯзи оламафрӯз муборак!
18.03.2022
Ҳамдиёрони азиз!
Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ бо арзи эҳтироми беандоза Шуморо бо фарорасии Иди Наврӯзи оламафрӯз самимона табрику муборак гуфта, ба Шумо ва аҳли пайвандонатон умри бардавом, сиҳативу саломатӣ, рӯзгори ободу осоишта ва комёбиҳои беназирро таманно менамояд.
Иди бостонии Наврӯз ҳамчун ҷашни соли нави аҷдодӣ, кӯҳантарин оини миллӣ ва нишони тамаддуни форсу тоҷик аз қадимулайём маншаъ гирифта, бо расму маросимҳои зебову фараҳовари худ таҷассумгари оғози фасли баҳор, мавсими киштукор, бедоршавии табиат ва рамзи эҳёи эҳсосоти умедбахшу ҳаёти созандаву обод мебошад.
Бинобар ин, аз фурсат истифода бурда дар остонаи ҷашни Наврӯзи навбаҳор бори дигар орзу менамоем, ки тамоми ниятҳои неки созандаи Шумо ҷомаи амал ба пӯшида, дар хонадонатон доимо шодиву фараҳ, файзу баракат ва рӯзгори орому осуда поянда бошад.
Ба ёд ояд зи нав ин байти Саъдӣ,
Барои дӯстон дар рӯзи Наврӯз:
“Ҳумоюн бодат имсолу ҳама сол,
Муборак бодат имрӯзу ҳама рӯз.”
Наврӯзатон Муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!