Бо мақсади тақвияти сиёсати иттилоотӣ – коммуникатсионии Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (минбаъд – Хазина) ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, инчунин бахшида ба 20-солагии таъсисёбии Хазина имрӯз сомонаи расмии Хазина (https://dif.tj) дар шакли нав таҷдиди назар карда шуда, пешкаши истифодабарандагон қарор дода шуд.
Сомонаи корпоративии таҷдидшудаи Хазина бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод гардида, он бо дизайну интерфейси замонавӣ, суръати баланд ва дигар имконоти муосир такмил дода шуд. Дар таҳияи сомона рангҳои нишони Хазина истифода бурда шуда, муҳтавои таҷдидшудаи он хусусиятҳои Хазинаро ҳамчун ташкилоти танзимкунандаи фаъолияти низоми суғуртаи амонату пасандозҳо инъикос мекунад.
Барои таҷдид намудани муҳтавои иттилоотӣ ва визуалии сомонаи Хазина корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, принсипҳои пешниҳоди иттилоот ва сохтори сомонаи навсозишуда дастрасиро ба иттилоот хеле осон менамояд. Ҳар як фаъолияти Хазина дар бахшҳои алоҳида мураттаб гардонида шудааст, ки маълумот дар бораи он ба таври дастрас пешниҳод шудааст.
Саҳифаи асосии сомона бо менюи алоҳида бо дарҷи нишондиҳандаҳои асосии Хазина ва дастрасӣ ба хабару эълонҳо, инчунин ҳуҷҷатҳои актуалӣ оид ба самтҳои фаъолияти Хазина дар шакли ҷолибнок тарҳрезӣ шудааст. Ғайр аз он, дар сомона функсияи ҷустуҷӯ ва харитаи сомона илова карда шуда, дастрасӣ ба маводҳои тасвирӣ (баннер) ва видеоӣ такмил дода шудааст.
Ҳамзамон, ба истифодабарандагони сомона бахшҳои махсус барои тамос бо Хазина, оид ба саводнокии молиявӣ ва ҳисобкунаки (калкулятори) ҷуброни суғурта ба диққат ва истифодабарии аҳолӣ пешниҳод карда шудаанд. Дар сомона инчунин манбаҳои муфид, аз ҷумла сомонаҳои Президенти Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзии аъзои Хазина истинод оварда шудааст.
Сомонаи навсозишуда ба дастгоҳҳои гуногуни статсионарӣ ва мобилӣ (аз ҷумла, десктоп, планшет ва смартфонҳо) мутобиқ гардонида шудааст.
Лутфан таваҷҷӯҳ намоед, ки сомонаи нави Хазина дар реҷаи такмилдиҳӣ корашро идома медиҳад ва бо ин мақсад бета-версияи (шакли лоиҳавии) сомона то навсозии ниҳоии он фаъолият менамояд.