ХАЗИНА ПАРДОХТИ ҶУБРОНПУЛИИ СУҒУРТАРО БА ПАСАНДОЗДОРОНИ ҶСК “АГРОИНВЕСТБОНК” ОҒОЗ МЕКУНАД

Хазина пардохти ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк” оғоз мекунад

01.07.2021

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) иттилоъ медиҳад, ки санаи 02 июли соли 2021 пардохти ҷубронпулии суғурта аз рӯи пасандозҳои суғурташуда ба пасандоздорони бонки барҳамдодашудаи ҶСК “Агроинвестбонк” оғоз мегардад.

БДА ҶТ “Амонатбонк” ба сифтаи бонк-агент таъин гардида, аз ном ва ҳисоби Хазина ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк” пардохт мекунад. Пардохти ҷубронпулии суғурта дар филиалҳои ҶБА ҶТ “Амонатбонк” аз рӯи минтақаи ҷойгиршавии пасандоздорон аз санаи 02 июли соли 2021 амалӣ карда мешавад. Руйхати филиалҳои БДА ҶТ “Амонатбонк”, ки тавассути онҳо пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк” амалӣ карда мешавад, дар сомонаи Хазина дастрас аст.

Маблағи ҳадди ниҳоии ҷубронпулии суғурта, ки қонунгузории амалкунанда муайян кардааст, барои пасандозҳо бо пули миллӣ на бештар аз 30 000 сомонӣ ва барои пасандозҳо бо асъори хориҷӣ на бештар аз 21 000 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, хотиррасон менамоем, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун, агар як пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ ду ва ё зиёда суратҳисоби пасандозӣ дошта бошад, ин суратҳисобҳо ҳамчун як суратҳисоб дониста шуда, ҷубронпулии суғурта аз рӯи онҳо дар ҳаҷми на зиёда аз андозаи муқаррарнамудаи қонун пардохт карда мешавад. Маблағи боқимондаи пасандозҳо дар раванди барҳамдиҳӣ аз ҷониби мудири махсуси ташкилоти қарзӣ тибқи тартиби дар қонунгузорӣ муқарраршуда пардохт хоҳад шуд.

Пасандоздорон бо хоҳиши худ метавонанд маблағи ҷубронпулиро аз бонк-агент тариқи нақдӣ ё ғайринақдӣ бо роҳи интиқол ба суратҳисоби бонкие, ки дар аризаашон нишон додаанд, гиранд. Ҷубронпулии суғурта бо пули миллӣ – сомонӣ пардохт карда мешавад. Пасандозҳое, ки бо асъори хориҷӣ гузошта шудаанд, бо пули миллӣ аз рӯи қурби расмии дар рӯзи ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ муқарраршуда, ҷуброн карда мешаванд.

Ба таваҷҷуҳи пасандоздорон расонида мешавад, ки қабули ариза ва пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорон тавассути бонк-агент дар давоми як сол аз санаи  фарорасии ҳолати суғуртавӣ, амалӣ карда мешавад. Аз ин рӯ, барои гирифтани ҷубронпулии суғурта пасандоздорон метавонанд шитоб накунанд ва дар давоми як сол дар дилхоҳ вақти муносиб ба бонк-агент муроҷиат намоянд.

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани ҷубронпулии суғурта

Тартиби гирифтани ҷубронпулии суғурта ҳаддалимкон содда аст. Ҷуброни суғурта ба пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк” дар воҳидҳои сохтории дар боло зикршудаи бонк-агент БДА ҶТ “Амонатбонк” дар асоси аризаи пасандоздор пардохт карда мешавад. Ҳангоми муроҷиат ба бонк-агент пасандоздорон бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (дар ҳолати зарурӣ рақами мушаххаси андозсупоранда, шартномаи пасандозӣ) ва ариза дар бораи пардохти ҷубронпулии суғуртаро дар шакли муқарраркардаи Хазина пешниҳод намоянд. Нусхаи аризаро дар бонк-агент дастрас ва пур кардан мумкин аст (одатан бонк-агент шакли электронии аризаи пуркардашударо ба пасандоздор барои имзо пешниҳод менамояд).

Дар сурати тағйир додани насаб, ном ё номи падар, аризадиҳанда бояд ба бонк-агент шаҳодатномаи тағйири насаб, ном ё номи падар ё шаҳодатномаи ақди никоҳи, ки аз ҷониби идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дода шудааст, пешниҳод кунад.

Пасандоздороне, ки имконияти шахсан ба бонк-агент омаданро надоранд, метавонанд ба намояндаи худ супориш диҳанд, ки аз номи онҳо дар асоси ваколатномаи аз ҷониби идораи нотариалӣ додашуда, ариза пешниҳод намоянд. Дар бонк-агент намояндаи пасандоздор бояд бо худ ваколатнома ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро дошта бошад.

Дар даробари ин иттилоъ медиҳем, ки ҳангоми муроҷиати пасандоздор ва бо шарти пешниҳоди ҳамаи ҳуҷҷатҳо аз ҷониби ӯ ва мавҷудияти маълумот дар бораи ӯ дар феҳристи пасандоздорон барои пардохти ҷубронпулии суғурта, инчунин мавҷуд набудани ҳолатҳои баҳснок, бонк-агент дар рӯзи дархост маблағи ҷубронпулиро тарики накдӣ ё ғайринакдӣ ба суратҳисоби нишондодаи пасандоздор мегузаронад (бо назардошти гузаронидани ҳамаи расмиёт ва санҷишҳо). Агар ҳуҷҷатҳои ба бонк-агент пешниҳодшудаи пасандоздор нопурра бошанд ва ё дар онҳо маълумоти зарурӣ барои муайян кардани мушаххасоти пасандоздор ҷой надошта бошад, бонк-агент аз пасандоздор ҳуҷҷатҳои иловагии тасдиқкунандаи талабҳои пасандоздорро барои пардохти ҷубронпулии суғурта дархост менамояд.

Ҳамзамон, ҳангоми муроҷиати пасандоздор ба бонк-агент агар маълумоти пасандоздор дар феҳристи (рӯйхати) пасандоздорон барои пардохти ҷубронпулии суғурта мавҷуд набошад, пасандоздорро мебояд барои мушаххас намудани сабаби дарҷ нашудани маълумоти вай дар феҳрист ба ташкилоти қарзии барҳамдодашуда муроҷиат намояд.

Маълумоти иловагӣ оид ба пардохти ҷубронпулии суғуртаро метавонед тавассути каналҳои иртиботии зерин дастрас намоед:

 

Барои маълумот:

Иҷозатномаи ҶСК “Агроинвестбонк” тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 21 майи соли 2021, №88 барои анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ бозхонд карда шуд. Қарор дар бораи барҳамдиҳии маҷбурии ҶСК “Агроинвестбонк” аз ҷониби Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 07 июни соли 2021 қабул карда шудааст.

Дар бораи Хазина:

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ соли 2004 таъсис ёфтааст ва дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон фаъолият менамояд. Дар мавриди фаро расидани ҳолати суғуртавӣ, Хазина ҷубронпулии суғуртаро барои пасандозҳои суғурташудаи шахсони воқеӣ, ки дар суратҳисобҳои пасандозӣ ва муҳлатнок, инчунин дар кортҳои пардохтии бонкӣ ҷойгиранд пардохт мекунад.