Бо қарорҳои навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 29 октябри соли 2020 таҳти №145-146 дар асоси моддаи 26-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва моддаҳои 8, 9 ва 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Тиҷорат” ва ҶДММ ТАҚХ “Амонат-Қарз” бозхонд карда шуд.
Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ баъди гирифтани нусхаи қарори суд дар бораи барҳамдиҳии маҷбурии ҶДММ ТАҚХ “Тиҷорат” ва ҶДММ ТАҚХ “Амонат-Қарз”, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” раванди пардохти ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорони суғурташудаи ташкилотҳои қарзии мазкур оғоз хоҳад кард.
Views: 637