Дар бораи бозхонди иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Тамвил”
05.07.2023
Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (минбаъд – Хазина) иттилоъ медиҳад, ки тибқи Қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти №67 аз 23 июни соли 2023, бинобар аз ҷониби ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” риоя накардани тартиби барҳамдиҳии ихтиёрӣ дар он расмиёти барҳамдиҳии маҷбурӣ оғоз гардид.
Хазина ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилоти қарзии узви низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, яъне баъд аз баромадани қарор (ҳалнома)-и суд оид ба оғози расмиёти барҳамдиҳии маҷбурӣ ва муайян намудани феҳристи пасандоздорон барои пардохти ҷубронпулӣ, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” раванди пардохти ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорони ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” шуруъ хоҳад кард.
Маълумоти иловагиро метавонед, тавассути телефони (+992) 44 600-32-45 ва ё сомонаи Хазина www.idif.tj дастрас намоед.
Барои маълумот:
ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон анҷом дода, ба ташкилоти қарзии мазкур аз ҷониби Хазина Тасдиқномаи узвият таҳти №019 аз 20.09.2011 дода шуда буд ва он ба Феҳристи ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи амонату пасандозҳо ворид гардида буд.
Дар бораи Хазина:
Хазина соли 2004 таъсис ёфтааст ва дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон тавассути пардохти ҷубронпулии суғурта ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Дар мавриди барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзии – узви Хазина, Хазина уҳдадор мешавад, ки пасандозҳои суғурташудаи шахсони воқеиро, ки дар суратҳисобҳои пасандозӣ, муҳлатнок ва кортҳои пардохтии бонкӣ ҷойгиранд, ҷуброн намояд.