5 декабри соли 2024 дар чаҳорчӯби лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ “Рушди бахши молия ва хусусии Тоҷикистон” байни Маркази идоракунии лоиҳаҳои назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон Созишнома оид ба сармоякунонии Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон ба имзо расид. Созишномаро раиси иҷроияи Маркази идоракунии лоиҳаҳои назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Сатторзода ва раиси Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон Манучеҳр Асоев имзо карданд. Ҳадафи ин Созишнома таҳкими суботи молиявӣ, мусоидат ба рушди бахши хусусӣ ва таъмини иҷрои самараноки ҳадафҳои лоиҳа мебошад.
Бояд гуфт, ки Лоиҳаи нави рушди бахши молиявӣ ва хусусии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, бо мақсади таҳкими низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, пешбурди қарздиҳии бонкӣ ба корхонаҳои хурду миёна ва таҳкими ҳамгироии корхонаҳои хурду миёна ба занҷирҳои фурӯш/занҷирҳои арзиш равона шудааст.