Баҳисобгирии пасандозҳои суғурташуда

Тартиби баҳисобгирии пасандозҳои суғурташуда дар ташкилоти қарзӣ мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” таҳия шуда, тартиби баҳисобгирии пасандозҳои суғурташударо дар ташкилоти қарзӣ барои пардохти ҷубронпулии суғурта муқаррар менамояд.

Тибқи он ҳар як ташкилоти қарзӣ узви Хазина уҳдадор аст, ки дар низоми автоматикунонии бонкии худ пешбурди баҳисобгирии ҳаррӯзаи уҳдадории худро дар назди пасандоздорон, ки ба ташкилоти қарзӣ имконияти дар дилхоҳ рӯз таҳия намудани Феҳристи баҳисобгирии пасандозҳои суғурташударо (Феҳристи пасандоздоронро) фароҳам меорад, ҷорӣ намояд.