Ба таваҷҷӯҳи пасандоздорони бонкҳои барҳамдодашудаи ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”

Ба таваҷҷӯҳи пасандоздорони бонкҳои барҳамдодашудаи ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”

16.05.2022

Хазинаи суғуратаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд Хазина) ба таваҷҷӯҳи пасандоздорони бонкҳои барҳамдодашудаи ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” мерасонад, ки то ба охир расидани мӯҳлати пардохти ҷубронпулӣ камтар аз ду моҳ боқӣ мондааст.

Аз ин рӯ, аз пасандоздорони бонкҳои мазкур, ки то ҳол ҷубронпулии суғуртаро нагирифтаанд, хоҳиш карда мешавад, ки барои гирифтани ҷубронпулӣ ба бонк-агентҳои Хазина муроҷиат намоянд.

Хотиррасон менамоем, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” ҷубронпулии суғурта аз рӯи пасандозҳои як пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ, танҳо як маротиба пардохт карда мешавад.

Барои талаби маблағи боқимондаи пасандоз, ки баъд аз гирифтани ҷубронпулии суғурта боқӣ мондааст, пасандоздорон бояд ба Мудирони махсуси бонкҳои барҳамдодашуда муроҷиат намоянд.

Маълумоти иловагӣ оид ба пардохти ҷубронпулии суғуртаро метавонед, тавассути телефони (+992) 44-600-32-45 ё аз сомонаи Хазина www.idif.tj дастрас намоед