Ба таваҷҷӯҳи пасандоздорони бонкҳои барҳамдодашудаи ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”

Ба таваҷҷӯҳи пасандоздорони бонкҳои барҳамдодашудаи ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”

08.02.2022

Хазинаи суғуратаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд Хазина) ба таваҷҷӯҳи пасандоздорони бонкҳои барҳамдодашудаи ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” мерасонад, ки то ба охир расидани мӯҳлати пардохти ҷубронпулӣ камтар аз панҷ моҳ боқӣ мондааст.

Аз ин рӯ, аз пасандоздорони бонкҳои мазкур, ки то ҳол ҷубронпулии суғуртаро нагирифтаанд, хоҳиш карда мешавад, ки барои гирифтани ҷубронпулӣ ба бонк-агентҳои Хазина муроҷиат намоянд.

Маълумоти иловагӣ оид ба пардохти ҷубронпулии суғуртаро метавонед, тавассути телефони (+992) 44-600-32-45 ё аз сомонаи Хазина www.idif.tj дастрас намоед.