Иди Қурбон муборак!

Иди Қурбон муборак!

Ҳамватанони азиз!

Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ба ҳамаи Шумо фарорасии Иди мубораки Қурбонро табрик ва таҳният гуфта, ба Шумо пеш аз ҳама тансиҳатӣ, хонаободӣ, хотирҷамъӣ, сарбаландӣ ва файзу баракати рӯзғорро таманно менамояд.

Иди Қурбон муборак бошад!


Барои маълумот:

Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо — ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон, ки аз ҷониби Хазина барои пардохти ҷубронпулии суғурта ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилоти қарзӣ равона шудааст.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасндозҳо” маблағи амонату пасандозҳои пасандоздорон дар ташкилотҳои қарзии узви Хазина аз ҷониби Хазина ба таври ҳатмӣ мавриди фарогирии суғуртавӣ қарор дода мешаванд.

Ҳангоми дар ташкилоти қарзӣ – узви Хазина ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ, пасандоздорон ҳуқуқи қонунии гирифтани ҷубронпулии суғуртаро аз рӯи амонату пасандозҳои худ дар ташкилоти қарзӣ дошта, Хазина кафолат медиҳад, ки маблағи суғурташудаи пасандоздоронро дар доираи андозаи муқарраркардаи Қонун, ҷуброн менамояд.


Барои тамос: