Аз 2 то 5 июни соли 2026 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар доираи ҷаласаи солонаи Кумитаи минтақавии АвруОсиёи (EARC) Ассотсиатсияи байналмилалии суғуртакунандагони пасандозҳо (IADI) семинари амалии байналмилалӣ оид ба масъалаҳои нигоҳдории суботи молиявӣ таҳти унвони «Ҳамкорӣ, ҳамоҳангсозӣ, иртибот: гузоштани замина барои низоми нигоҳдории устувори молиявӣ», таҳти мизбонии Агентии ҳифзи пасандозҳои Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи Кумитаи EARC ва семинари амалӣ намояндагони Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (Хазина) ба ҳайси даъватшудагон иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ намояндагони ташкилотҳои суғуртавии пасандозҳо, бонкҳои марказӣ, вазоратҳои молия, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва коршиносон аз кишварҳои гуногун ширкат намуда, масъалаҳои мубрами таҳкими суботи молиявӣ ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкории иштирокчиёни низоми нигоҳдории суботи молиявиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷаласаи солонаи EARC раиси Хазина Асоев М.Қ. баромад намуда, иштирокчиёни чорабиниро бо фаъолияти Хазина, вазифаҳо ва нақши он дар ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои пасандоздорон ва таъмини суботи низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуд.
Дар ҷараёни ҷаласа ба масъалаҳои ҳамоҳангсозӣ, ҳамкорӣ ва мубодилаи иттилоот байни ташкилотҳои суғуртаи пасандозҳо, бонкҳои марказӣ, мақомоти назоратӣ ва дигар иштирокчиёни низоми молиявӣ бахшида шуд. Коршиносон таҷрибаи байналмилалии ташкили механизмҳои муассири ҳамкориро, аз ҷумла ёддоштҳои тафоҳум, кумитаҳои суботи молиявӣ ва гурӯҳҳои идоракунии ҳолатҳои буҳрониро мавриди муҳокима қарор доданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба ҷанбаҳои амалии омодагӣ ба ҳолатҳои буҳронӣ, банақшагирии раванди танзими фаъолияти ташкилотҳои молиявии муфлисшуда ва таҳияи қарорҳои ҳамоҳангшуда ҷиҳати ҳифзи пасандоздорон ва нигоҳдории суботи низоми молиявӣ равона гардид.
Дар доираи барнома инчунин машғулиятҳои амалии интерактивӣ ва корҳои гурӯҳӣ гузаронида шуданд, ки ба рушди малакаҳои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва қабули қарорҳо дар шароити буҳрон равона гардида буданд.
Дар доираи барномаи ҷаласаи солона мулоқоти раиси Хазина бо Котиби генералии Ассотсиатсияи байналмилалии суғуртакунандагони пасандозҳо (IADI) хонум Ева Хюпкес анҷом дода шуд. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дурнамои узвияти Хазина дар IADI, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, санаи 5 июн бо даъвати Агентии ҳифзи пасандозҳои Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти раиси Хазина бо раиси Агентии ҳифзи пасандозҳои Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.
Дар доираи мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рушди низомҳои ҳифзи пасандозҳо, табодули таҷриба ва таҷрибаҳои пешқадамро муҳокима намуданд. Аз рӯи натиҷаҳои музокирот Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ба таҳкими муносибатҳои шарикӣ, рушди ҳамкории касбӣ ва табодули минбаъдаи таҷриба байни ташкилотҳои суғуртакунандаи пасандозҳо равона гардидааст.




Маълумоти бештар: Дар бораи Хазина↗ | FAQs↗ | Тамос↗