Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (минбаъд Хазина) иттилоъ медиҳад, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Фридом Бонк Тоҷикистон» барои пешбурди фаъолияти бонкӣ иҷозатнома дода шуд.
Дар ин асос, мутобиқи моддаҳои 12 ва 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” аз ҷониби Хазина ба ҶСП «Фридом Бонк Тоҷикистон» тасдиқнома дар бораи узвият ба Хазина таҳти №000073 аз санаи 05 ноябри соли 2024 дода шуда, дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи амонату пасандозҳо мувофиқан тағйироти дахлдор ворид карда шуд.
Барои маълумот:
- Тамос: (+992) 44 600-66-00
- Еmail: info@idif.tj
- Сомона: www.dif.tj
- Фейсбук: DepositInsuranceFund.Tajikistan
- Телеграм:t.me/IDIFtj
Views: 30