Ба ҶСП “Душанбе Сити Бонк” тасдиқнома дода шуд
30.06.2022
Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) иттилоъ медиҳад, ки дар асоси қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз санаи 09 июни соли 2022, №68 аз ҷониби Хазина ба ҶСП “Душанбе Сити Бонк” санаи 30.06.2022 сол тасдиқномаи № 064 дар бораи узвият ба Хазина дода шуд.
Ҳамзамон, тасдиқномаи № 030 ҶДММ ТАҚХ “Душанбе Сити” аз санаи 25 июли соли 2018, бинобар табдилёбии он ба ҶСП “Душанбе Сити Бонк” аз эътибор соқит карда шуд.
Вобаста ба ин, аз ҷониби Хазина дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ сабти дахлдор ворид карда шуд.
Views: 299