Ба маълумоти пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”

Ба маълумоти пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”

Ба маълумоти пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” расонида мешавад, ки бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон аз ҷониби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (Хазина) ҷубронпулии суғурта аз рӯи пасандозҳо бо пули миллӣ ба андозаи то 30 000 сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ ба андозаи то 21 000 сомонӣ пардохт карда мешавад. Маблағи боқимондаи пасандозҳо дар раванди барҳамдиҳӣ аз ҷониби мудири махсуси дар ташкилоти қарзӣ таъиншуда, тибқи тартиби дар қонунгузорӣ муқарраршуда пардохт хоҳад шуд.

Хазина тамоми имконият ва захираҳоро ҷиҳати пурра ва саривақт дар доираи андозаи муқарраршуда пардохт намудани маблағи ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дорад.

Тартиби пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорон

Раванди пардохти маблағи ҷуброни суғурта ба пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” 14 рӯз пас аз санаи қабули қарори суд оид ба оғози расмиёти барҳамдиҳии маҷбурӣ оғоз карда мешавад. Пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорон тавассути бонк-агенти хизматрасони Хазина амалӣ мегардад.

Хазина оиди санаи пардохти ҷубронпулӣ, ҷой, вақт ва бонк-агенти интихобшуда дар воситаҳои ахбори омма эълони дахлдор интишор менамояд. Эълон ҳамзамон дар ташкилоти қарзии барҳамдодашуда ва бонк-агент, инчунин дар сомонаи расмии Хазина ҷойгир карда мешавад.

Баъд аз оне, ки Хазина маълумотро оиди ҷой, вақт ва рӯзи пардохти ҷубронпулӣ эълон кард, пасандоздор ё ин ки намояндаи ваколатдори вай барои гирифтани ҷубронпулӣ бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ (шиноснома, ваколатнома ва ё ҳуҷҷати дигар) ба бонк-агенти Хазина муроҷиат намуда, дар он ҷо аризаи хаттии бо шакли аз ҷониби Хазина муқарраршударо пур менамояд. Ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳо дар асоси аризаи пасандоздор тариқи нақдӣ ва ё бо хоҳиши худи пасандоздор ғайринақдӣ тавассути гузарондани маблағ ба ҳисоби нишондодаи пасандоздор дар ташкилотҳои қарзӣ, пардохт карда мешавад.

Ҳамзамон, ба диққати мизоҷони ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” расонида мешавад, ки барои гирифтани ҷубронпулии суғурта пасандоздорон ё намояндаи онҳо метавонанд дар давоми як сол дар дилхоҳ вақте, ки ба онҳо муносиб аст ба бонк-агент муроҷиат намоянд.

Маълумоти иловагиро метавонед тавассути телефонҳои (+992) 44 600-32-45, 44 600-35-45 ё ин ки дар сомонаи расмии Хазина дар шабакаи интернет (www.idif.tj) ва дар Фейсбук (DepositInsuranceFund.Tajikistan/) пайгирӣ намоед.