Ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
16.11.2021
Рӯзи 16 ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи Президент муайян карда шудааст.
Мансаби Президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидааст.
Мақсад аз рузи ид муайян кардани рузи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии Президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон нақши фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Маҳз шахсияти Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт ва то охирин гурезаи тоҷик ба ватан баргашт.
Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ кулли мардуми кишвари азизамонро бо рӯзи Президент самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки мову Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамояд.