Ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирони Хазина баргузор гардид

Ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирони Хазина баргузор гардид

29.08.2022

Санаи 25 августи соли 2022 ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирони Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои нозирони Хазина – Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва иштироки дигар аъзоёни Шӯро баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур ҳисоботи даврии Хазина оид ба раванди пардохти ҷубронпулӣ ва дигар масъалаҳои ба фаъолияти Хазина алоқаманд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сараввал аз ҷониби Шӯрои нозирон ҳисоботи Раиси Хазина Ғафуров А.А. дар бораи пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорони суғурташудаи ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, корҳои дар ин самт ба сомон расонидашуда ва мушкилиҳои ҷойдошта шунида шуд. Дар ҳисобот қайд карда шуд, ки Хазина бо мақсади таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии пасандоздорон ва ҷиҳати таъмини раванди самараноки пардохти ҷубронпулӣ дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” ва тибқи супоришҳои Шӯрои нозирон тамоми корҳои ташкилию омодагиро андешид.

Аз ҷумла, ба ҳолати 1 июли соли 2022 аз ҷониби Хазина тавассути бонк-агентҳо ҷамъан ба 13009 нафар пасандоздорони муроҷиаткардаи  ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ба маблағи умумии 187,2 млн. сомонӣ ҷубронпулии суғурта пардохт карда шуд, ки маблағи мазкур 90,0 фоизи маблағи умумии ҷубронпулии тибқи Феҳристи пасандоздорон ҳисобшударо ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, ба ҳолати 23.06.2022 сол пардохти ҷубронпулӣ дар ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ба 3 571 нафар пасандоздорон ба маблағи 54,8 млн. сомонӣ ва дар ҶСК “Агроинвестбонк” ба 9 438 нафар пасандоздорон ба маблағи 132,4 млн. сомонӣ анҷом дода шуд.

Шӯрои нозирон дар рафти ҷаласа дигар масъалаҳои фаъолияти Хазинаро, аз ҷумла дар бораи пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони суғурташудаи ташкилоти қарзии барҳамдодашудаи ҶДММ ТАҚХ “Бунёд М” ва тасдиқи бонк-агент барои пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорони он, дар бораи интихоб ва таъин намудани ширкати аудиторӣ ҷиҳати гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии Хазина барои соли молиявии 2022, дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилии Хазина ва дигар масъалаҳои бо беҳтар намудани фаъолияти молиявии Хазина алоқамандро мавриди муҳокима қарор дода, нисбати онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа, аз ҷониби Раиси Шӯрои нозирон ба Хазина ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолияти минбаъда дар самти таъмини устувории низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, корбарӣ дар самти ҷоннок намудани корҳои таблиғотӣ ва ташвиқоти ҷомеа оид ба суғуртаи пасандозҳо, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти амалиётии Хазина ва дигар масъалаҳо дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.