Қабули Стратегияи рушди Хазина барои солҳои 2024-2029

30.11.2023

Бо мақсади муайян намудани самтҳои афзалиятнок ва вазифаҳо барои рушди минбаъдаи Хазина ва низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, санаи 28 ноябри соли 2023 бо қарори Шӯрои нозирони Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон таҳти №21 “Стратегияи рушди Хазина барои солҳои 2024-2029” қабул гардид.

Сратегияи мазкур асосҳоро ҷиҳати татбиқи мақсадҳои асосии Хазина – комёб будан ҳамчун ташкилоти самараноки суғуртакунандаи амонату пасандозҳо, муайян мекунад. Дар он ҷанбаҳои асосии рушди институтсионалии Хазина, тавсеа додани фаъолияти низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, такмили қонунгузории ҷорӣ, таъмини устувории молиявӣ, самаранокии амалиётӣ ва омодагӣ ба ҳолатҳои суғуртавӣ, таъмини шаффофият ва беҳгардонии корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, инчунин ривоҷ додани ҳамкориҳо бо ташкилотҳои дохилию хориҷӣ бо дарназардошти дар давраи дарозмуҳлат мусоидат намудан ба таъмини суботи молиявӣ ва таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ, мавриди тарҳрезӣ қарор дода шудааст.

Боиси тазаккур аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ пайваста таъмини рушди устувори низоми бонкӣ, зарурати зиёд намудани ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ, ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби бештари мизоҷонро муҳим иброз менамоянд.

Стратегия дар маҷмуъ чор самти афзалиятнок ва ҳадафҳои амалиётии зерини рушди Хазинаро барои солҳои 2024-2029 муайян менамояд:

Дар самти якум – “Суғуртаи амонату пасандозҳо”, масъалаҳои тақвияти низоми суғуртаи пасандозҳо, таҳкими омодагии Хазина ба эҳтимолияти амалӣ гаштани ҳолатҳои суғуртавӣ ва таъмини раванди самараноки пардохти ҷубронпулии суғурта пешбинӣ гардидаанд.

Дар самти дуюм – “Идоракунии равандҳои дохилӣ-корпоративӣ”, масъалаҳои таъмини устувории молиявии Хазина, идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ, инчунин такмили сохтори ташкилӣ ва тахассуси кормандони Хазина муайян шудаанд.

Дар самти сеюм – “Сиёсати иттилоотӣ” диққати асосӣ ба вусъат додани корҳои таблиғоту ташвиқоти Хазина ва раванди иртибот бо ҷомеа оиди моҳияти низоми суғуртаи амонату пасандозҳо ҷудо шудааст.

Дар самти чорум – “Ҳамкориҳои самаранок”, масъалаҳои беҳтар намудани ҳамкорӣ бо шарикони асосӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалиро пешбинӣ менамояд.

Стратегия аз 4 қисмати асосӣ (1) Шарҳи низоми суғуртаи амонату пасандозҳо; (2) Натиҷаҳои асосии татбиқи Стратегияи рушди Хазина барои солҳои 2017 – 2022; (3) Стратегияи самтҳои асосии рушди Хазина барои солҳои 2024 – 2029 ва (4) Хавфҳои татбиқи Стратегия иборат буда, дар Матритсаи татбиқи он нақшаи татбиқ ва иҷрои тадбирҳои дарҷгардида оварда шудааст.