Барои пасандоздорон

Барои пасандоздорон

Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (Хазина) бо мақсади ҳимояи пасандоздорон ва таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Дар зер ба диққати пасандоздорон маълумоти асосӣ дар бораи суғурта шудани пасандозҳо, андозаи ҷубронпулии суғуртавӣ, тартиби пардохти ҷубронпулӣ ва дигар маълумоти муфид дар шакли фишурда оварда шудааст.

For Depositors — Deposit and Savings Insurance Fund of Tajikistan

Суғуртаи амонату пасандозҳо ва фарогирии он

Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо пасандоздоронро дар ҳолати барҳамхӯрии ташкилоти қарзии узви Хазина ҳифз менамояд. Хазина пардохти ҷубронпулии суғуртаро дар доираи андозаи муқарраршуда сари вақт таъмин менамояд.

Пасандоздорони суғурташуда
  • Шахсони воқеӣ.
  • Соҳибкорони инфиродӣ.
  • Шахсони ҳуқуқии субъекти соҳибкории хурд.
  • Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ.
Суратҳисобҳои суғурташаванда
  • Суратҳисобҳои пасандозӣ, муҳлатнок, дархостӣ ва ё кортии пасандоздорон суғурта карда мешаванд.
  • Суратҳисобҳои пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ ҳамчун як суратҳисоб дониста шуда, дар доираи андозаи муқарраршудаи ҷубронпулӣ пардохт карда мешавад.
  • Амонату пасандозҳое, ки дар суратҳисоби муштараки ташкилоти қарзӣ нигоҳ дошта мешаванд, ҳамчун як амонату пасандоз дониста мешаванд ва ҷубронпулии суғурта ба соҳибони суратҳисоби амонату пасандоз бо ҳиссаҳои баробар ё ҳиссаҳое, ки байни онҳо мувофиқа шудааст, пардохт карда мешавад.
  • Амонату пасандозҳое, ки бо асъори хориҷӣ гузошта шудаанд, аз рўи қурби расмӣ, ки дар рўзи ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ муқаррар карда шудааст, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд.
Кадом амонату пасандозҳо суғурта ва ҷуброн карда намешаванд
  • Маблағҳои электронӣ.
  • Маблағҳои пулӣ ва дороиҳои дар қуттиҳои сейфии бонкӣ.
  • Cуратҳисобҳои амонату пасандозии дигар шахсони ҳуқуқӣ, ба истиснои субъектҳои соҳибкории хурд ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ.
  • Амонату пасандозҳои шахсони вобаста (шахсони дорои ҳиссаи иштироки афзалиятнок, кормандони роҳбарикунанда ва ғ.).
  • Амонату пасандозҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадаанд ё амонату пасандозҳое, ки аз ҷониби суд ҳабс карда шудаанд.
  • Амонату пасандозҳои баробар ба ҳар гуна маблағи қарзи пардохтнашудаи пасандоздор дар назди ташкилоти қарзӣ.
  • Амонату пасандозҳо дар филиалҳои хориҷии ташкилоти қарзӣ.
  • Амонату пасандозҳо ба маблағи камтар аз 10 сомонӣ.

Андозаи ҷубронпулии суғурта

Андозаи бо қонун муайяншудаи ҷубронпулӣ барои як пасандоздор дар як ташкилоти қарзӣ на бештар аз 35,000 сомониро ташкил медиҳад.

  • Маблағи боқимондаи пасандозҳо дар раванди барҳамдиҳӣ аз ҷониби мудири махсус (барҳамдиҳанда)-и ташкилоти қарзӣ тибқи тартиби дар қонунгузорӣ муқарраршуда пардохта мешавад.
  • Амонату пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии гуногун алоҳида суғурта карда мешаванд.
Мисол: Агар шумо дар суртаҳисобҳои амонату пасандозӣ дар Бонки А 40,000 сомонӣ гузошта бошед, маблағи ҷубронпулии ба шумо пардохтшаванда = 35,000; бақия = 5,000.

Тартиби гирифтани ҷубронпулии суғурта

  1. Эълон: Хазина дар бораи ҷой, вақт ва санаи пардохти ҷубронпулии суғурта эълон менамояд.
  2. Бонк-агентҳо: Пардохти ҷубронпулӣ тавассути бонк-агенти Хазина амалӣ карда мешавад.
  3. Муҳлати оғоз: Пардохти ҷубронпулӣ на дертар аз 14 рӯзи пас аз ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ оғоз меёбад.
  4. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ: Ариза, шиноснома, РМА, шартномаи пасандози бонкӣ.
  5. Намояндагон: Ваколатнома, агар аз номи пасандоздор намояндаи қонунӣ муроҷиат намояд.
  6. Муҳлати ниҳоӣ: Дар давоми як соли пас аз рӯзи оғози пардохти ҷубронпулии суғурта (тамдиди муҳлат имконпазир аст).

Ҳисобкунаки ҷубронпулӣ

Ҳисоб кунед, ки чӣ қадар маблағи амонату пасандози шумо дар доираи андозаи ҷубронпулӣ суғурта шудааст.

Ташкилотҳои қарзии аъзои Хазина ва ташкилотҳои қарзии барҳамдодашуда

Хазина феҳристи ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои қарзии барҳамдодашударо пеш мебарад.

Маслиҳат ба пасандоздорон

  • Пеш аз пасандоз кардани маблағ боварӣ ҳосил намоед, ки ташкилоти қарзӣ узви Хазина аст.
  • Боварӣ ҳосил кунед, ки мушаххасоти шумо дар шартномаи пасандози бонкӣ дурустанд.
  • Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи суратҳисоби пасандозиро ҳамеша нигоҳ доред.
  • Ташкилоти қарзиро оид ба иваз шудани маълумоти шахсӣ хабардор намоед.
  • Аз қаллобӣ эҳтиёт кунед – Хазина ҳеҷ гоҳ рамзҳои махфиро (парол) аз шумо талаб намекунад.