Дӯстони азиз!

Шумо метавонед дараҷаи дониши ибтидоии худро оид ба моҳияти низоми суғуртаи амонату пасандозҳо ва фаъолияти Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (минбаъдХазина) тавассути пурсишномаи тестии мо санҷед.

Пурсишномаи мазкур ҷиҳати баҳодиҳии огоҳии аҳолӣ аз фаъолияти Хазина бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу маърифати аҳли ҷомеа таҳия шудааст.

Пурсишнома танҳо саволҳои калидиро дар бораи мафҳумҳои асосии суғурта гардидани амонату пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзӣ – узви Хазина бо се ҷавоби имконпазир дар бар мегирад, ки танҳо яке аз онҳо дуруст аст.

Вақте ки шумо ба ҳама саволҳо ҷавоб медиҳед, шумо метавонед натиҷаи ниҳоии ҷавобҳои худро ва ба кадом саволҳо дуруст ҷавоб додаед ё не, бинед. Шумо инчунин шарҳи мухтасари ҷавоби дуруст ба ҳар як саволро дар зери он мегиред.

Пурсишнома ба шумо ҳам барои арзебӣ ва ҳам васеъ кардани дониши ибтидоиатон оид ба нақш ва фаъолияти Хазина ва низоми суғуртаи амонату пасандозҳо дар Тоҷикистон кӯмак мекунад. Умедворем, ки ба ин васила дараҷаи фаҳмиши шумо оида ба кору фаъолияти Хазина зиёд мегардад.

Санҷиши дониши амонату пасандозҳо

Тест: дониши худро оид ба низоми суғуртаи амонату пасандозҳо санҷед

Пурсишномаи мазкур беном аст, яъне пур кардани он бо ҷамъоварии ягон маълумоти шахсии шумо алоқаманд нест.