Ҷаласаи солонаи Шӯрои нозирони Хазина

24-уми феврали соли 2017-ум ҷаласаи солонаи Шӯрои нозирони Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа Раиси Хазина Ҳакимов А.А. ба диққати аъзои Шӯрои нозирон ҳисобот дар бораи фаъолияти Хазина дар соли 2016-умро пешниҳод намуд. Дороиҳои Хазина ба санаи 31 декабри соли 2016 маблағи 259,3 млн. сомониро ташкил медиҳад. Шумораи пасандозгузорони суғурташуда 966,8 ҳазор нафар ва маблағи пасандозҳои суғурташуда 4252,0 млн. сомониро ташкил медиҳад. Хулосаи ширкати аудитории ҶДММ “Консултант – Аудит” дурустии маълумотҳои молиявии Хазинаро тасдиқ менамояд.

Инчунин аз ҷониби аъзои Шӯрои нозирони Хазина лоиҳаи Стратегияи рушди Хазина барои солҳои 2017 – 2022 баррасӣ ва тасдиқ карда шуд.