Ҳамватанони гиромиқадр!
Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон Шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, бароятон пеш аз ҳама тансиҳативу хонаободӣ, рӯзғори обод, саодатмандиву сарбаландӣ, садоқат ба миллату давлат дар роҳи созандагиву ободкорӣ баҳри шукуфоии Тоҷикистони азизамон ва комёбиҳои беназирро таманно менамояд.
Дар давоми солиёни истиқлол бо сарварии оқилона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамон гузошта шуда, давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон шинохта шудааст. Маҳз истиқлолият имконияти таърихие фароҳам овард, ки тоҷикон Ватани худро соҳибӣ кунанд, давлатдорию, ҳувияти миллӣ ва суннату арзишҳои хешро эҳё созанд, зиндагии озодонаро ба роҳ монда, ба корҳои бунёдкориву созандагӣ ва рушду равнақи кишвари маҳбубамон шурӯъ намоянд.
Бигузор истиқлолияти давлатамон пояндаву ҷовид бошаду дар сарзамини азизи мо ва дар ҳар як хонаводаи мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамеша шукуфоӣ, сулҳу ваҳдат ва файзу баракат ҳукмрон бошад!
Бори дигар, фарорасии ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо муборак мегӯем.
Ҳамеша тансиҳату хонаобод бошед!