Ҳамватанони азизу арҷманд!
Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ Шуморо ба муносибати фарорасии 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, бароятон пеш аз ҳама тансиҳативу хонаободӣ, рӯзғори обод, саломативу сарбаландӣ, садоқат ба миллату давлат дар роҳи созандагиву ободкорӣ баҳри шукуфоии Тоҷикистони азизамон ва комёбиҳои беназирро таманно менамояд.
Маҳз истиқлолият имконияти таърихие фароҳам овард, ки тоҷикон Ватани худро соҳибӣ кунанд, давлатдории миллиии худро барпо намоянд, суннату арзишҳои хешро эҳё созанд ва зиндагии озодонаро ба роҳ монанд.
Дар давоми 31 соли Истиқлолият бо сарварии оқилона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузоштем ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурӯъ намудем.
Бигузор истиқлолияти давлатамон пояндаву ҷовид бошаду дар сарзамини азизи мо ва дар ҳар як хонаводаи мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамеша шукуфоӣ, сулҳу ваҳдат ва файзу баракат ҳукмрон бошад!
Бори дигар, фарорасии ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо муборак мегӯем.
Ҳамеша сарбаланду хонаобод бошед!