
Шурои нозирони Хазина
Мақоми олии идоракунии Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон Шурои нозирони Хазина мебошад. Шурои нозирон барои назорати умумии фаъолияти Хазина масъул буда, Хазина ба Шурои нозирон ҳисоботдиҳанда мебошад.
Шурои нозирони Хазина аз ҳайати зерин иборат аст:
1) Раиси Бонки миллии Тоҷикистон – Раиси Шурои нозирон;
2) Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) Раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон;
5) Раиси Хазина.
Ҷаласаи Шурои нозирон соле на камтар аз ду маротиба даъват карда мешавад.
Шурои нозирон дорои ваколатҳои зерин аст:
– муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти Хазина;
– тасдиқи сохтор ва буҷети солонаи Хазина;
– ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани Раиси Хазина, муқаррар намудани маоши вазифавии вай;
– баррасӣ ва тасдиқи ҳисоботи солонаи Хазина;
– интихоб ва таъини аудитори берунӣ;
– қабули қарор дар бораи аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани қарзи молиявӣ ҳангоми касри Хазина;
– ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Хазина, ба шарте ки ин тағйиротҳо хилофи қонун набошанд;
– тасдиқ кардани Дастури Шурои нозирон;
– тасдиқ кардани сиёсати сармоягузории Хазина;
– тасдиқ кардани барномаҳо оид ба интишори маълумот барои оммаи васеъ дар бораи нақши низоми суғуртаи пасандозҳо ҷиҳати таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– тасдиқ кардани шакли ҳисоботи ташкилотҳои қарзӣ-аъзои Хазина;
– тасдиқ кардани санадҳои меъёрӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои Хазина;
– муқаррар кардани сиёсати Хазина оид ба бархӯрди манфиатҳо;
– қабули қарор дар бораи кам кардан ё боздошти супоридани пардохтҳои тақвимӣ ҳангоми пурра шудани андозаи ниҳоии маблағи Хазина;
– қабул намудани қарор дар бораи муваққатан боздоштани пардохтҳои тақвимии ташкилоти қарзӣ, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» таҳти
батанзимдарорӣ қарор дорад;
– муайян кардани хусусият ва ҳаҷми вазифаҳои аудити дохилии Хазина ва тасдиқи натиҷаҳои аудит;
– таъини аудитори берунӣ барои гузаронидани санҷиши махсус ва тасдиқи натиҷаҳои он;
– тасдиқи тавсияҳои Раиси Хазина оид ба интихоби бонк – агент барои пардохти пули суғурта;
– тасдиқ кардани пардохти пасандозҳои суғурташуда ҳангоми иштирок дар таҷдиди сохтори ташкилоти қарзӣ, тавассути интиқоли пасандозҳои суғурташуда ба дигар ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла бонки мутавассит;
– иҷрои дигар ваколатҳое, ки дар Қонун пешбинӣ шудаанд.