
Мақоми ҳуқуқӣ ва вазифаҳо
Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (минбаъд – Хазина) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” таъсис дода шудааст. Хазина шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратии дорои тавозуни мустақил ва мӯҳри мудаввар бо сабти номи худ ва акси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳадафи он ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта ва таҳкими эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Хазина бо мақсади ҳифзи амонату пасандозҳои пасандоздорон аз хавфи муфлисшавии ташкилотҳои қарзӣ, фаъолияти муназзами низоми суғуртаи амонату пасандозҳоро таъмин менамояд. Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо – ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон, ки барои пардохти ҷубронпулии суғурта ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилоти қарзӣ равона шудааст.
Ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ, яъне барҳамхӯрии ташкилоти қарзӣ-узви Хазина, Хазина уҳдадор аст, ки пасандозҳои суғурташудаи пасандоздоронро дар доираи андозаи муқаррар кардашуда ҷуброн намояд. Ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷумла бонкҳо ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурд, ки узви Хазина мебошанд, ба Феҳристи ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи амонату пасандозҳо дохил карда шуда, тасдиқномаи узвиятро доро мебошанд. Бояд қайд кард, ки суғуртаи амонату пасандозҳо дар Хазина ба зиммаи ташкилотҳои қарзӣ ва Хазина вогузор карда шуда, барои пасандоздорон пурра ройгон мебоша.
Мақсади Хазина

Мақсади Хазина аз ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон бо роҳи пардохти ҷуброни суғурта, таъмини фаъолияти низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, мусоидат ба нигоҳдории суботи низоми молиявӣ ва таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.
Диди Хазина
Ҳамчун як ташкилоти босамар ва муассири суғуртакунандаи амонату пасандозҳо, ки вазифаҳои худро бо назардошти таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ амалӣ менамояд, будан аст.
Арзишҳои Хазина
Арзишҳо ва принсипҳои асосие, ки Хазина дар фаъолияти худ пеша мегирад – ин самти иҷтимоӣ, шаффофият, касбият, поквиҷдонӣ ва масъулиятнокии молиявӣ мебошанд.
Вазифаҳои асосии Хазина
Хазина барои ноил гардидан ба мақсадҳои худ вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
- ҷубронпулии суғуртаро сари вақт муайян ва ба пасандоздорон пардохт мекунад;
- феҳристдори ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи амонату пасандозҳои аъзои Хазина мебошад;
- пардохтҳои ташкилотҳои қарзиро арзёбӣ мекунад;
- ҷамъоварӣ ва баҳисобгирии пардохтпулиҳоеро, ки аз ташкилотҳои қарзӣ гирифта шудаанд, инчунин мониторинги саривақтии онҳоро амалӣ менамояд;
- маълумот, ҳисобот ва иттилоотеро, ки барои фаъолияти Хазина зарур аст, аз ташкилотҳои қарзӣ мегирад;
- бо мақсади андӯхти молу мулки Хазина маблағҳои Хазинаро сармоягузорӣ, идора ва ҷойгир мекунад;
- тавассути маблағгузорӣ дар таҷдиди сохтори ташкилоти қарзӣ иштирок менамояд, ки он интиқоли амонату пасандозҳои суғурташударо ба ташкилоти қарзии дигар, аз ҷумла бонки мутавассит дар назар дорад;
- дар сурати касри Хазина барои гирифтани қарз ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамояд;
- аз Бонки миллии Тоҷикистон андешидани чораҳои ислоҳнамоӣ ва таъсиррасониро нисбат ба ташкилоти қарзӣ ҳангоми риоя накардани қонун дархост мекунад;
- ҳангоми зарурат ва дар доираи қонун ба ташкилотҳои қарзӣ амрнома дода, иҷрои онро талаб менамояд;
- санадҳои меъёрӣ (қоидаҳо, дастурамал ва ғайра) содир карда, иҷрои онҳоро талаб менамояд;
- бо мақсади нигаҳдории боварии низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи таъмини кафолати амонату пасандозҳо аҳли ҷомеаро хабардор менамояд;
- вазифаи хизматрасонии молиявиро анҷом медиҳад;
- дигар вазифаҳоро, ки барои ноил гардидан ба мақсадҳои Хазина заруранд, иҷро мекунад.
Маблағи Хазина
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” маблағи Хазина аз инҳо иборат мебошад:
- Пардохтҳои ташкилотҳои қарзӣ (аъзоҳақӣ, пардохтҳои тақвимӣ ва иловагӣ);
- Даромад аз сармоягузорӣ;
- Маблағи қарзи гирифташуда, аз ҷумла маблағҳое, ки аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарз гирифта мешаванд;
- Маблағи аз рӯйи иҷрои уҳдадориҳои Хазина бадастомада, аз ҷумла аз рӯйи ҷубронпулии ба пасандоздорон пардохташуда, ки манфиатҳои онҳо мутобиқи қонун ба Хазина вогузор шудааст;
- Инчунин, маблағҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.
Маблағҳои Хазина дар суратҳисобҳои Бонки миллии Тоҷикситон нигоҳ дошта мешаванд. Хазина аз ҳисоби маблағҳои ҷамъвардаи худ ҷуброни суғуртаи амонату пасандоздҳои пасандоздоронро ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ пардохт менамояд. Андозаи ҳадди аксари маблағҳои Хазина ба андозаи ҳафт фоизи маблағи умумии амонату пасандозҳои суғурташуда, ки дар ташкилотҳои қарзии аъзои Хазина мавҷуд аст, муқаррар карда мешавад.
Фаъолияти сармоягузорӣ
Бо мақсади андӯхти дороиҳои худ Хазина тибқи Қонун ва сиёсати сармоягузорӣ фаъолияти сармоягузориро анҷом медиҳад, маблағи Хазинаро идора ва ҷойгир мекунад.
Хазина маблағҳои худро ба воситаҳои молиявии зерин сармоягузорӣ карда метавонад:
- коғазҳои қиматноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- коғазҳои қимтноки Бонки миллии Тоҷикистон;
- коғазҳои қиматноки давлатҳои хориҷӣ ё бонкҳои марказии (миллии) хориҷии бонуфуз, ки рейтинги баланди сармоягузориро дороанд;
- амонатҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ;
- коғазҳои қиматноки созмонҳои молиявии байналмилалӣ, ки дорои яке аз ду рейтинги баландтарини агентиҳои рейтингӣ мебошанд;
- коғазҳои қиматноки созмонҳои молиявии байналмилалӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмиядори онҳо мебошад.
Ҳамзамон бо ин, Хазина маблағҳои худро тибқи тартиби афзалиятнокӣ аз рӯи принсипҳои зерин сармоягузорӣ мекунад: 1) Бехатарӣ; 2) Пардохтпазирӣ; ва 3) Даромаднокӣ.