Мутобиқи моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” ҳолати суғуртавӣ – барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ тибқи қарори суд бе асосҳои муфлисшавӣ ё бо асосҳои муфлисшавӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ», ки сабаби ба вуҷуд омадани уҳдадории Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон оид ба ҷуброни пули суғурта ба пасандоздорони ташкилоти қарзии муфлисшуда мегардад.
То инҷониб дар ташкилотҳои қарзии аъзои Хазина 18 ҳолати суғуртавӣ ё худ барҳамдиҳии маҷбурӣ ба вуқуъ омад, аз ҷумла дар 6 бонк ва 12 ташкилоти амонатии қарзии хурд (ТАҚХ), ки сабаби ба вуҷуд омадани уҳдадории Хазина оид ба пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони ташкилоти қарзии барҳамдодашуда гардидааст. Айни замон, раванди пардохти ҷубронпулӣ аз ҷониби Хазина дар ҳамаи ташкилотҳои қарзии мазкур ба итмом расидааст.
Нигаред иловатан ба: Маълумот оид ба раванди пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва ҶСК “Агроинвестбонк”
Рӯйхати ташкилотҳои қарзие, ки дар онҳо ҳолати суғуртавӣ ба вуқуъ омадааст
(ба ҳолати 01.12.2025)
| № | Бонкҳо | Санаи оғози пардохти ҷубронпулии суғуртавӣ | Раванди пардохти ҷубронпулӣ |
| 1 | ҶСП БСИ ТИСТ «Тоҷпромбонк» | 16.03.2017 | Ба охир расид |
| 2 | ҶСК «Фононбонк» | 16.03.2017 | Ба охир расид |
| 3 | ҶСП «Бонки Осиё» | 24.05.2021 | Ба охир расид |
| 4 | ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» | 23.06.2021 | Ба охир расид |
| 5 | ҶСК «Агроинвестбонк» | 02.07.2021 | Ба охир расид |
| 6 | ҶСП “Кафолатбонк” | 19.11.2021 | Ба охир расид |
| № | Ташкилотҳои амоантии қарзии хурд | Санаи оғози пардохти ҷубронпулии суғуртавӣ | Раванди пардохти ҷубронпулӣ |
|---|---|---|---|
| 1 | ҶДММ ТАҚХ «Ҳамдастӣ» | 15.04.2016 | Ба охир расид |
| 2 | ҶСП ТАҚХ «Самар» | 07.06.2017 | Ба охир расид |
| 3 | ҶСП ТАҚХ «Амлок» | 07.06.2017 | Ба охир расид |
| 4 | ҶСП ТАҚХ «Вориси Замон» | 07.06.2017 | Ба охир расид |
| 5 | ҶСП ТАҚХ «Нисор Фом» | 07.06.2017 | Ба охир расид |
| 6 | ҶСП ТАҚХ «Дафтари молиявӣ» | 07.06.2017 | Ба охир расид |
| 7 | ҶДММ ТАҚХ «Дастрас» | 15.02.2018 | Ба охир расид |
| 8 | ҶДММ ТАҚХ «Киропол-Экспресс» | 15.02.2018 | Ба охир расид |
| 9 | ҶДММ ТАҚХ «Молия ва сармоя» | 26.08.2019 | Ба охир расид |
| 10 | ҶДММ ТАҚХ «Баракат» | 26.08.2019 | Ба охир расид |
| 11 | ҶДММ ТАҚХ «Тиҷорат» | 01.12.2021 | Ба охир расид |
| 12 | ҶСП ТАҚХ «Бунёд М» | 07.09.2022 | Ба охир расид |