Хазина дар музоядаҳои фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ иштирок кард

Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади таъмини фаъолияти босамари сармоягузории маблағҳои озоди худ Хазина санаи 19 декабри соли 2024 дар музоядаи фурӯши коғазҳои қиматноки давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҶСП “Биржаи фондии Осиёи марказӣ” гузаронида шуд, иштирок намуда, аз рӯи натиҷаи он дархости Хазина мувофиқан қонеъ карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки коғазҳои қиматноки давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати молия дар ҳаҷми умумии 50 млн. сомонӣ бо муҳлатнокии 181 рӯза ва бо фоизи бозории то 8 фоизи солона бароварда шуд.