ХАЗИНАИ СУҒУРТАИ АМОНАТУ ПАСАНДОЗҲОИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаи холии зерин
ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Мутахассис оид ба технологияҳои иттилоотӣ
Талабот ба номзад:
- Таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
- Собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ;
- Дониш ва таҷрибаи корӣ бо низомҳои иттилоотӣ ва пойгоҳи маълумотҳо дар ташкилотҳои қарзӣ-молиявӣ;
- Малака дар таҳлили вариативии равандҳои корӣ бо мақсади оптимизатсия/автоматикунонии онҳо ва таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ (техзадание);
- Донистани методологияи таҳияи маводҳои таъминоти барномавӣ ва роҳҳои гуногуни тавсифи талабот ба барномаҳо (use cases/user stories, UML-диаграммаҳо)
- Малакаи корӣ ва маълумот оид ба забонҳои барномасозӣ (Python, JavaScRipt, YBA ё дигар);
- Пайваста омӯхтан ва дар амал татбиқ намудани технологияҳои навтарин дар соҳаи барномасозӣ;
- Доштани малакаи корӣ оид ба насби барномаҳо ва танзими таҷҳизоти компютерӣ, серверӣ ва коммуникатсионӣ, ташкил ва такмили шабакаҳои компютерӣ;
- Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – дар сатҳи хондани ҳуҷҷатҳои техникӣ.
Барои иштирок дар озмун аз довталабон пешниҳоди тарҷумаи ҳол (резюме) бо замимаи сурат дар шакли электронӣ ба суроғаи почтаи электронии Хазина hr@idif.tj қабул карда мешавад.
Тамдиди муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: то 15.12.2024 сол.
Барои маълумоти иловагӣ: тел. 44-600-35-05, 44-600-35-45;
Танҳо довталабоне, ки ба талаботҳо мувофиқат мекунанд, ба мусоҳиба даъват карда мешаванд. Ба иштироки занҳои соҳибихтисос дар озмун бартарӣ дода мешавад. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ баъд аз баррасӣ ва мусоҳибаи пешакӣ аз номзад талаб карда мешаванд.
- Маркази тамос: (+992) 44 600-66-00
- Еmail: info@idif.tj
- Сомонаи Хазина: www.dif.tj
- Фейсбук: DepositInsuranceFund.Tajikistan
- Телеграм:t.me/IDIFtj
Views: 28