Баргузории ҷаласаи солонаи Шӯрои нозирони Хазина ва баррасии ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хазина дар соли 2023

Баргузории ҷаласаи солонаи Шӯрои нозирони Хазина ва баррасии ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хазина дар соли 2023

Санаи 19 марти соли 2024 ҷаласаи солонаи Шӯрои нозирони Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хазина дар соли молиявии 2023 баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур Ҳисоботи солонаи Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон барои соли молиявии 2023 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Вобаста ба ин аз ҷониби Хазина ба диққати аъзои Шӯрои нозирон рӯнамоӣ оид ба ҳисоботи солонаи Хазина барои соли 2023 пешниҳод карда шуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки Хазина фаъолияти худро дар соли ҳисоботӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” ва қарору супоришҳои Шӯрои нозирони Хазина ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии пасандоздорон ва таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии кишвар амалӣ намуд.

Ислоҳоти калидӣ, ки ба тавсеаи низоми суғуртаи амонату пасандозҳо равона гардид, ин мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” (аз 15 марти соли 2023, №1961) ба шуморо рафт. Мутобиқи тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур доираи объектҳои ҳатмии суғурта васеъ гардида, дар қатори пасандозҳои шахсони воқеӣ суратҳисобҳои амонатию пасандозии соҳибкорони инфиродӣ, шахсони ҳуқуқии субъектҳои соҳибкории хурд ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ба низоми суғуртаи ҳатмии амонату пасандозҳо дохил карда шуданд. Вобаста ба ин, номи Қонун дар таҳрири нав — «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо» ва Хазина ҳамчун “Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон” муайян карда шуд.

Илова бар ин, андозаи ҷубронпулӣ барои амонату пасандозҳои суғурташуда бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ зиёд карда шуда, дар як андозаи муайяни 35 000 сомонӣ муқаррар гардид. Васеъ гардидани объект ва субъектҳои суғурташаванда, инчунин афзудани андозаи ҷубронпулии суғуртавӣ бевосита барои баланд гардидани боварии аҳолӣ ба низоми молиявии кишвар ва афзоиши амонату пасандозҳо дар низоми бонкӣ мусоидат хоҳад кард.

Вобаста ба тағйироти Қонун, Хазина дар соли 2023 маҷмӯи чорабиниҳои амалию ташкилиро ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ва такмил додани санадҳои меъёрии дахлдор, баҳисобгирии амонату пасандозҳо, пардохтҳои тақвимӣ, инчунин раванди пешбурди корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ андешид. Аз ҷумла, ба 20 санади меъёрии Хазина тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, онҳо бо қарорҳои Шӯрои нозирони Хазина дар таҳрири нав тасдиқ гардиданд.

Ба ҳолати 31 декабри соли 2023 дар Феҳрасти ташкилотҳои қарзӣ – узви Хазина 32 адад ташкилоти қарзӣ шомил мебошад, ки аз он 12 адад бонк, 19 адад ташкилотҳои амонатии қарзии хурд (ТАҚХ) ва 1 адад ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ (ТҚҒ) мебошанд.

Қайд гардид, ки дар соли ҳисоботӣ раванди афзоиши назарраси ҳаҷми амонату пасандозҳо ва шумораи пасандоздорони суғурташуда дар ташкилотҳои қарзӣ мушоҳида гардид. Ҳаҷми умумии пасандозҳои суғурташуда 8,8 млрд. сомониро ташкил дод, ки аз он ҳиссаи афзалиятнок – 94,1% ё худ 8,3 млрд. сомонӣ ба амонату пасандозҳои шахсони воқеӣ ва боқимонда 5,9% ба дигар субъектҳои суғурташаванда (соҳибкорони инфиродӣ, субъектҳои соҳибкории хурд ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ) рост меояд. Афзоиши пасандозҳои суғурташуда дар соли ҳисоботӣ 92,5 фоизро ташкил дод, ки он пеш аз ҳама бо васеъ гардидани фарогирии суғуртавӣ, фаъолияти устувори низоми бонкӣ, зиёд гардидани ҳаҷми пасандозҳои шахсони воқеӣ дар ташкилотҳои қарзии узви Хазина вобаста буд.

Шумораи пасандоздорони суғурташуда бошад ба 2,1 млн. нафар расид, ки ҳиссаи афзалиятноки он 99,0% ё худ 2,0 млн. нафар ба шахсони воқеӣ ва боқимонда 1,0% ба дигар субъектҳои суғурташаванда рост меояд. Афзоиши шумораи пасандоздорони суғурташуда 71,0 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, агар ба шумораи пасандоздорони суғурташуда аз рӯи тақсимот нигоҳ кунем, маълум мегардад, ки аз шумораи умумии пасандоздорони суғурташуда маблағи 98,4 фоиз ё худ 2030,0 ҳаз. нафар дар доираи маблағи ҷубронпулӣ, яъне то 35 ҳаз. сомонӣ буда, ҳиссаи боқимондаи пасандоздорон, ки 1,6 фоизро ташкил медиҳад, маблағашон аз андозаи ҷубронпулӣ зиёд мебошад.

Нишондиҳандаи мазкур, аз хусуси аз ҷониби Хазина ҳимоя гардидани қисми бештари пасандоздорони суғурташуда шаҳодат медиҳад.

Уҳдадориҳои суғуртавии Хазина ба санаи 31 декабри соли 2023 маблағи 3,3 млрд. сомониро ташкил намуд, ки он 37,3 фоизи ҳаҷми умумии пасандозҳои суғурташударо дар бар мегирад. Афзоиши солонаи уҳдадории суғуртавии Хазина 59,7 фоизро ташкил намуд, ки аз як тараф бо зиёд гардидани маблағи пасандозҳои суғурташуда ва аз тарафи дигар бо зиёд гардидани андозаи ҷубронпулӣ вобаста аст.

Дар соли 2023 ягон ҳолати суғуртавӣ ба вуқуъ наомад, ки ин аз фаъолияти босуботу устувори низоми бонкӣ дарак медиҳад. Дар баробари ин Хазина, дар давоми с.2023 дар асоси ариза барои тамдиди муҳлати пардохти ҷубронпулӣ ба 60 нафар пасандоздорони муроҷиаткардаи бонкҳои барҳамхӯрдаи “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”, ки бо сабабҳои фавқулода дар муҳлатҳои пешбинишуда барои гирифтани ҷубронпулӣ муроҷиат карда натавонистанд, ба маблағи 958,2 ҳаз. сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт намуд. 

Дар умум, ба ҳолати 31.12.с.2023 аз ҷониби Хазина дар асоси Феҳристи пешниҳоднамудаи мудирони махсуси бонкҳои мазкури барҳамдодашуда тавассути бонк-агентҳо ба 13098 нафар пасандоздорони суғурташуда ба маблағи 188,7 млн. сомонӣ ҷубронпулии суғурта пардохт карда шуд, ки он 91,0 фоизи маблағи умумии ҷубронпулии пешбинишударо ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, пардохти ҷубронпулӣ дар ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ба 3593 нафар маблағи 55,2 млн. сомонӣ ва дар ҶСК “Агроинвестбонк” ба 9505 нафар маблағи 133,5 млн. сомониро ташкил намуд.    

Фаъолияти сармоягузории Хазина дар асоси Қонун ва сиёсати сармоягузории Хазина амалӣ карда мешавад. Хазина дар соли 2023 маблағҳои озоди худро танҳо ба коғазҳои қиматноки давлатии сармоягузорӣ карда, дар 7 музоядаи векселҳои давлатии хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиб омадааст. Даромади Хазина аз ин ҳисоб дар соли ҳисоботӣ 920,7 ҳаз. сомониро ташкил дод, ки он нисбати соли қаблӣ 49,3 фоиз зиёд мебошад.

Таъмини пардохтпазирӣ ва устувории молиявии Хазина яке аз ҳадафҳои асосии Хазина ба ҳисоб меравад. Ба ҳолати 31 декабри соли 2023 ҳаҷми дороиҳо ё худ маблағи Хазина 207,6 млн. сомониро ташкил дод, ки он нисбати соли гузашта 48,7 млн. сомонӣ ё худ 30,6 фоиз зиёд мебошад.

Омили асосии афзоиши маблағҳои Хазина пеш аз ҳама бо зиёдшавии пардохтҳои тақвимии ташкилотҳои қарзии узви Хазина, бинобар афзудани ҳаҷми пасандозҳои суғурташудаи шахсони воқеӣ дар ташкилотҳои қарзӣ вобаста аст. Андозаи ҳадди аксари маблағи Хазина ба 2,4 фоиз баробар шуд, ки он тибқи Қонун дар ҳаҷми 7 фоизи маблағи умумии пасандозҳои суғурташуда дар ташкилотҳои қарзӣ муқаррар карда шудааст.

Дар соли ҳисоботӣ Хазина фаъолияти молиявии худро бо фоида ҷамъбаст намуда, тибқи ҳисоботи маҷмӯии фоида ва зарар маблағи он 1 582,8 ҳаз. сомониро ташкил дод.

Иштирокчиёни ҷаласа “Ҳисоботи солонаи Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон дар соли 2023”-ро мавриди муҳокима қарор дода, таҳлили вазъи низоми суғуртаи амонату пасандозҳоро дар ҳисоботи солона хуб баҳо доданд. Ҳисоботи солонаи Хазина дар соли 2023 аз ҷониби Шӯро қаноатбахш ҳисобида шуда, хулосаи ширкати аудитории ҶДММ “Консултант Аудит” оид ба ҳолати молиявии Хазина барои соли 2023 маъқул дониста шуд.

Шӯрои нозирон вобаста ба дигар масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа, аз ҷумла “Дар бораи тасдиқи буҷети Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон барои соли 2024”, “Оид ба тасдиқи маҳфуздорандаи сандуқи коғазҳои қиматноки Хазина” ва “Дар бораи таъин намудани Раиси Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон” қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа, аз ҷониби Шӯрои нозирон ба Хазина ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолияти минбаъда дар самти таъмини устувории низоми суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон, ҷоннок намудани ҳамкориҳо бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти амалиётии Хазина ва дигар масъалаҳо дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.