Ба ҶСК “Алиф Бонк” Тасдиқнома дар бораи узвият дар Хазина дода шуд

Дар асоси моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 7, 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, бинобар табдилдиҳии ҶСК ТАҚХ “Алиф Сармоя” ба ҶСК “Алиф Бонк” ба 03 январи соли 2020 Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Алиф Бонк” иҷозатнома барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дода шуд.

Мутобиқи қарори зикршуда Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба Феҳристи ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ тағйирот ворид карда, ба ҶСК “Алиф Бонк” Тасдиқнома дар бораи узвият дар Хазина дода шуд.

Ҳамин тавр, шумораи ташкилотҳои қарзии узви Хазина ба 36 адад расид, ки аз он бонкҳо 16 адад ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурд 20 ададро ташкил медиҳанд.