24-ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

24-ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

24.11.2023

Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаи ҳамватанони азиз шодбош гуфта, барояшон саодатмандӣ, некномӣ, комёбиву музаффариятҳои беназир, иқболу саодат, файзу баракат ва ба кишвари маҳбубамон сулҳу ваҳдати ҷовидонро таманно менамояд.

Парчами Тоҷикистон ҳамчун яке аз рукнҳои давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ нишони аввалини давлати мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24-уми ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулу расман тасдиқ карда шудааст. Парчами давлатӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандустӣ ва ҳуввияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи Тоҷикистонро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки «Ҳар як фард бояд ифтихор дошта бошад, ки Парчами давлатии мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад».

Бори дигар дар ин рӯзи муҳим ба кулли мардуми Тоҷикистон сиҳативу сарбаландӣ ва зиндагии осудаву сарсабзро таманно менамоем. Бигузор Парчами мо дар фазои ободу озоди кишвари азизамон ҳамеша парафшон бошад.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи Тоҷикистониён муборак!