Эълон дар бораи гузаронидани озмун ҷиҳати интихоби ширкати аудиторӣ

Эълон дар бораи гузаронидани озмун ҷиҳати интихоби ширкати аудиторӣ

 25.09.2023

Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (минбаъд Хазина) ҷиҳати интихоби ширкати аудиторӣ ва гузаронидани аудити берунии ҳисоботи молиявии Хазина барои соли молиявие, ки санаи 31 декабри соли 2023 анҷом меёбад, озмун эълон мекунад.

Дар озмун танҳо он ширкатҳое, ки метавонанд аудити ташкилотҳои қарзиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронанд, иштирок намоянд.

Барои иштирок дар озмун ширкатҳои аудиториро зарур аст дархости расмӣ ва арзиши хизматрасонии худро оид ба гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии Хазина, инчунин шартҳо ва муҳлатҳои онро пешниҳод намоянд.

Муҳлати пешниҳоди дархостҳо ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 25 октябри соли 2023 муқаррар шудааст.

Аз ширкатҳои аудиторие, ки барои иштирок дар озмун таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, хоҳиш карда мешавад, ки дархостҳои худро тариқи почтаи электронӣ ба суроғаи зерин ирсол намоянд:

Email: info@idif.tj

Телефон барои тамос: +(992 44) 600-35-45