Вохӯрӣ бо ҳайати коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ
14.12.2022
13 декабри соли 2022 дар Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) дар доираи ташрифи ҳайати коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ оид ба баррасии марҳилаи 2 лоиҳаи Барномаи кӯмаки техникӣ – “Таҳкими бахши молиявӣ дар Тоҷикистон” вохӯрии робарияти Хазина бо коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳайати ҷ-би Пиетро Каличе (иқтисодчии калони бахши молиявӣ), ҷ-би Димитри Демекас (мушовири калон ва эксперти бахши молиявӣ) ва ҷ-би Дамодаран Кришнамурти (мутахассиси пешбари бахши молиявӣ), баргузор гардид.
Мақсади ташрифи ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ аз муайян ва мувофиқа намудани масъалаҳои дар Барномаи нави кӯмаки техникӣ дарҷшаванда, бо дарназардошти гузаронидани машваратҳо бо сохтору идораҳои дахлдори кишвар, аз ҷумла Хазина ва гирифтани дархостҳо барои расонидани кӯмаки техникӣ иборат буд.
Дар ифтитоҳи вохӯрӣ роҳбарияти Хазина ташрифи меҳмоноро ба Хазина хайрамақдам гуфта, миннатдории худро барои аҳамият ва таваҷҷуҳи Бонки Ҷаҳонӣ ба масъалаи таҳкими низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар Тоҷикистон, бахусус барои лоиҳаи кӯмаки техникии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми суғуртаи пасандозҳо дар Тоҷикистон, ки дар солҳои 2017-2019 ба Хазина расонида шуд, баён намуд. Ҳайати коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ низ ҳамкориҳои бо Хазина ба роҳ мондашуда ва ислоҳотҳои дар самти беҳгардонии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар Тоҷикистон амалигаштаистодаро мусбӣ баҳо дода, дар навбати худ аз ҷараёни вазъи низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони бонкҳои барҳамдодашудаи ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, тағйиротҳои дар қонунгузорӣ пешбинишаванда, вазъи устувории молиявии Хазина ва масъалаҳои мубрами ҷойдошта пурсон шуд.
Ҷониби Хазина ба диққати коршиносон оид ба вазъи ҷории низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, фаъолияти Хазина ва нишондиҳандаҳои молияви-иқтисодӣ, инчунин дигар масъалаҳои мубрами Хазина иттилоъ дода шуд. Қайд гардид, ки Хазина фаъолияти худро тибқи қонунгузорӣ бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии пасандоздорон ва таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ ба роҳ монда, раванди пардохти ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорони ташкилотҳои қарзии барҳамдодашуда саривақт ва самаранок анҷом дод. Аз ҷумла, аз ҷониби Хазина зиёда аз 90 фоизи маблағи умумии ҷубронпулӣ, ки ба пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” пешбинӣ шуда буд, пардохт карда шуд, ки дар натиҷаи ин дороиҳои умумии Хазина ба андозаи то 60 фоиз коҳиш ёфтанд. Зикр гардид, ки дар доираи лоиҳаи кӯмаки техникии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба “Такмили низоми суғуртаи пасандозҳо дар Тоҷикистон” ва барномаи Бонки Осиёгии Рушд оид ба таҳкими бахши молиявӣ ва идоракунии фискалӣ дар Тоҷикистон, лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ”, ки васеъ гардидани вазифаҳои Хазинаро оид ба суғуртаи пасандозҳо пешбинӣ менамояд, таҳия шуда ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон, доир ба масъалаҳои мубрам ва ҳалталаби фаъолияти Хазина, аз ҷумла таъмини устувории молиявӣ, сармоягузории маблағҳои Хазина, инчунин мушкилӣ ва монеаҳои дар раванди барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ ҷойдошта гуфта гузашта шуд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо фикру андешаҳои худро оид ба таҳлилу арзёбӣ ва ҷузъиётҳои асосии лоиҳаи ба нақша гирифташудаи Бонки Ҷаҳонӣ, бахусус дар доираи яке аз компонентҳои лоиҳаи мазкур, ки масъалаи барқарор кардани эътимоди пасандоздорон ва маблағгузории Хазинаро пешбинӣ менамояд, мавриди назар қарор доданд. Ҳамзамон, оид ба тавсеа бахшидани фаъолияти Хазина ва низоми суғуртаи пасандозҳо, таҳкими иқтидори институтсионалии Хазина, ҳамчунин масъалаҳои дигари мавриди назари тарафайнро табодули назар карда шуд.
Дар охир роҳбарияти Хазина ба ҳайати кории Бонки Ҷаҳонӣ барои дастгирӣ дар доираи Барномаи лоиҳаи кӯмаки техникии нав изҳори миннатдорӣ намуда, омодагӣ ва ҳавасмандии ҳамаҷонибаи худро ҷиҳати татбиқи муваффақи барномаи мазкур, рушди ҳамкориҳои судманд бо Бонки Ҷаҳонӣ баҳри такмили низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.