Маълумот оид ба раванди пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва ҶСК “Агроинвестбонк”
27.07.2021
Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) пардохти ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорони бонкҳои барҳамдодашудаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” аз санаи 23 июни с.2021 ва ҶСК “Агроинвестбонк” аз санаи 2 июли с.2021 мувофиқан тавассути ҶСК “Ориёнбонк” ва БДА ҶТ “Амонатбонк”, ки аз номи Хазина ва аз ҳисоби он ба сифати бонк-агент баромад мекунанд, амалӣ намуда истодааст.
Тибқи ҳисоботҳои фосилавӣ, дар давраи аз санаи оғози пардохтҳо то 27 июли соли 2021 аз тарафи бонк-агентҳо дар асоси феҳристи пасандоздорон барои пардохти ҷубронпулии суғурта ба 2 604 нафар пасандоздори муроҷиаткардаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ба маблағи 42,1 млн. сомонӣ (70% маблағи умумии ҷубронпулии суғуртаи бонки мазкур) ва ба 5 346 нафар пасандоздори муроҷиаткардаи ҶСК “Агроинвестбонк” ба маблағи 87,8 млн. сомонӣ (60% маблағи умумии ҷубронпулии суғуртаи бонки мазкур) пардохтҳои ҷубронпулӣ анҷом дода шудаанд.
Ҷараёни пардохтҳо (ба санаи 27/07/2021):
Ҳамин тариқ, дар умум то санаи 27 июли соли равон аз ҷониби Хазина ба 7 950 нафар пасандоздори муроҷиаткардаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва ҶСК “Агроинвестбонк” ба маблағи 129,9 млн. сомонӣ пардохтҳо анҷом дода шудаанд, ки 63 фоизи ҳаҷми умумии маблағи ҷубронпулии суғурта аз рӯи пасандозҳои шахсони воқеии бонкҳои барҳамдодашударо ташкил медиҳад.
Мутобиқи қонунгузорӣ раванди пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорон дар давоми то як сол амалӣ карда мешавад. Пасандоздорон ҳуқуқ доранд барои гирифтани ҷубронпулии суғурта дар давоми то як сол дар дилхоҳ вақти муносиб ба бонк-агент муроҷиат намоянд.
Маълумоти иловагӣ оид ба пардохти ҷубронпулии суғуртаро метавонед тавассути манбаҳои зерин дастрас намоед:
- Маркази тамос: (+992) 44 600-32-45
- Еmail: info@idif.tj
- Сомонаи Хазина: www.idif.tj
- Фейсбук: DepositInsuranceFund.Tajikistan
- Телеграм:t.me/IDIFtj
Барои маълумот:
Иҷозатномаҳои ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва ҶСК “Агроинвестбонк” барои анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ тибқи қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 21 майи соли 2021, таҳти №89 ва №88 бозхонд карда шудаанд. Қарор дар бораи барҳамдиҳии маҷбурии ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва ҶСК “Агроинвестбонк” аз ҷониби Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан 4-ум ва 7-уми июни соли 2021 қабул карда шудааст.
Дар бораи Хазина:
Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ соли 2004 таъсис ёфтааст ва дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон фаъолият менамояд. Дар мавриди фаро расидани ҳолати суғуртавӣ, Хазина ҷубронпулии суғуртаро барои пасандозҳои суғурташудаи шахсони воқеӣ, ки дар суратҳисобҳои пасандозӣ ва муҳлатнок, инчунин дар кортҳои пардохтии бонкӣ ҷойгиранд пардохт мекунад.
Маблағи ҳадди ниҳоии ҷубронпулии суғурта, ки қонунгузории амалкунанда муайян кардааст, барои пасандозҳо бо пули миллӣ на бештар аз 30 000 сомонӣ ва барои пасандозҳо бо асъори хориҷӣ на бештар аз 21 000 сомониро ташкил медиҳад.