ХАЗИНАИ СУҒУРТАИ ПАСАНДОЗҲОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ
барои ишғоли вазифаи холии зерин
ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
“Мутахассис оид ба робита бо ҷомеа (мутахассиси PR)”
Вазифаҳо:
- таҳия ва амалӣ намудани сиёсати ташкилот оид ба робита бо ҷомеа;
 - коркарди слоганҳо ва номгузории маводҳои чопӣ ва нашрӣ, матолиби PR, гузаронидани “PR-аксияҳо” ва “PR-кампанияҳо”;
 - ба роҳмонии ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма (ВАО), навиштани сенарияҳо барои роликҳои телевизионӣ ва рекламаҳо барои радио ва телевизион;
 - навиштани пресс-релизҳо, мақолаҳо, паёмҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷавобҳо ба саволҳо;
 - пешбурди кори сомонаи интернетӣ ва саҳифаи расмии ташкилот дар шабакаҳои иҷтимоӣ;
 - кор дар самти таҳияи маводҳои иттилоотию рекламавӣ оид ба ташкилот (брошюраҳо, буклетҳо, рӯнамоиҳо);
 - пайгирии маълумоти иттилоотӣ оид ба масъалаҳои дахлдор дар нашрияҳои чопӣ, радио ва телевизион, инчунин дар интернет;
 - навиштани матни суханрониҳои роҳбарияти ташкилот;
 - баромадҳо дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ;
 - ташкили кори маркази тамос (колл-сентр).
 
Талабот ба номзадҳо:
- маълумоти олӣ дар самти бонкдорӣ-маркетинг, журналистика, идоракунии PR;
 - донистани асосҳо ва хусусиятҳои бозори рекламаи хизматрасониҳои бонкӣ ва муносибатҳои PR;
 - салоҳияти касбӣ, таҷрибаи корӣ дар соҳаҳои робита бо ҷомеа ва ВАО;
 - малакаи хуби муошират ва маҳорати баланди ибрози нутқу андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
 - қобилиятҳои хуби ташкилотчигӣ, масъулиятнокӣ ва муқовимат ба стресс, саъю кӯшиш барои худомӯзӣ;
 - донишу малакаи хуби истифодабарии компютер;
 - донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар дараҷаи олӣ; донистани забони англисӣ бартарӣ дорад.
 
Дархостҳо то 29/03/2021с. қабул карда мешаванд.
Резюмеро ба суроғаи электронии info@idif.tj бо нишон додани номгӯи «Мутахассис оиди робита бо ҷомеа» ирсол намоед.
Эзоҳ: барои мусоҳиба танҳо номзадҳое даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳо ҷавобгӯ мебошанд.
				 Views: 997